Дар Тоҷикистон тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ бо нақлиёти боркаши автомобилӣ ҷорӣ шудааст

Апрель 10, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба мақсади татбиқи чораҳои фаврӣ бобати пешгирии сироят ва паҳншавии коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти боркаши автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи тартиби муваққатӣ, ҳаракати нақлиёти боркаши байналмилалии автомобилӣ ва ронандагони онҳо то терминалҳои наздисарҳадии фаъолияткунанда ва дар ҳолати мавҷуд набудани чунин терминалҳо то минтақаи назорати гумрукии дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳади давлатӣ иҷозат дода шуда, дар минтақаи мазкур барасмиятдарории гумрукӣ анҷом дода мешавад.

Дар ҳолати дар нақлиёти боркаши автомобилӣ мавҷуд будани ядак ва нимядаки ҷудошаванда, молҳои воридшаванда аз сарҳад то маҳалли таъйинот тариқи ядаккашҳои ватанӣ интиқол дода мешаванд. Пас аз барасмиятдарории гумрукии молҳо, баргардонидани ядак ва нимядакҳои хориҷӣ таҳти назорати гумрукӣ то минтақаи назорати гумрукии дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳад ва ё терминалҳои наздисарҳадӣ амалӣ мегардад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ тибқи мувофиқаи пешакӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҳаракати нақлиёти автомобилӣ бо борҳои таъйиноти махсус барои иншооти стратегӣ ва кумаки башардӯстона бо таъмини мушоияти гумрукӣ ва назорати карантинӣ то нуқтаҳои таъйинотӣ сурат мегирад.

Ҳамлу нақли байналмилалии транзитӣ тариқи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мушоияти гумрукӣ бо истифодаи воситаҳои нақлиёти алоҳида дар мувофиқа бо масъулони назорати вазъияти беҳдоштию эпидемиологӣ амалӣ мегардад.

Барасмиятдарории гумрукии молҳои ба Тоҷикистон воридшаванда, ба ғайр аз молҳое, ки бо ядакҳо ва нимядакҳо интиқол дода мешаванд, дар терминалҳои наздисарҳадӣ анҷом меёбад.

Тартиби мазкур муваққатӣ буда, пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ бекор карда мешавад.

Апрель 10, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон