ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Файзобод зиёда аз 3000 бех дарахт ва 2000 гулҳои ороишӣ шинонида шуданд

Апрель 6, 2020 16:23

ФАЙЗОБОД, 06.04.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод то ин муддат зиёда аз 3000 бех дарахтони ороишӣ, аз қабили арча, можжевелник ва сосна шинонида шудаанд.  Дар ин бора аз шуъбаи муҳити зисти ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамзамон кормандони ин бахш шумораи зиёди дарахтони ороишӣ, махсусан арчаҳоро, ки давоми фасли сарди зимистон аз номусоидии боду ҳаво хушк гардида буданд, иваз намуда, ба ҷойи онҳо навъҳои гуногуни арча шинониданд.

Масъалаи муҳими дигар- ин гулшинонию гулзор сохтани шафати роҳҳову назди коргоҳҳо мебошад, ки дар ин самт ҳам корҳои чашмрас сурат мегиранд. То имрӯз зиёда  аз 2000 бех қаламчаҳои навъҳои гуногуни гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Бар замми ин 1000 бех як навъи гули зебои садбарг дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия шинонида шуд, ки он навъи махсус буда, дар ду мавсими сол- баҳору   тирамоҳ мешукуфад.

Масъалаи дигари муҳиму айни замон аз ҳама зарурӣ он аст, ки имрӯз бояд эҳтиёҷоти ноҳияро бо таъмини дарахтони ороишию сояафкан аз ҳисоби қувваю захираҳои дохилии худ ба роҳ монд. Бо ин мақсад дар ҳудуди як гектар ниҳолхона бунёд намуда, дар он  баробари кӯчати ниҳолҳои ороишию сояафкан ниҳоли  мевадор ҳам ба роҳ монда шудааст. То имрӯз дар он зиёда аз 200 ниҳоли мевадиҳандаи арчаи навъи можжевелник, 3000 сосна ва ба ҳамин миқдор ниҳоли олуча парвариш меёбанд.

Ояндаи наздик шуъбаи муҳити зисти ноҳия ният дорад, ки ҳаҷму миқдори парвариш ва ба воя расонидани навъҳои гуногуни ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулҳои гуногуннавъро дар ниҳолхона зиёд намуда, эҳтиёҷоти мардуми ноҳияи Файзободро  аз ҳисоби ин ниҳолхона пурра таъмин намояд.

Апрель 6, 2020 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд