ФФТ: маросими қуръакашии дастаҳои Лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии дастаҳои Лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуд. Дар мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон, ки аз ду марҳила иборат аст, 12 даста иштирок мекунанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба ин марҳила дастаҳои футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ, «Саройкамар»-и Панҷ, «Эсхата»-и Хуҷанд, «Исфара»-и Исфара, «Равшан»-и Кӯлоб, «Шоҳмансур»-и Душанбе, «Барқчӣ»-и Ҳисор, «Ваҳдат»-и Ваҳдат, «Ҳулбук»-и Восеъ, «Моҳир»-и Ёвон, «Равшан»-и Зафаробад ва «Ҳосилот»-и Фархор дохил шуданд.
Тақвими бозиҳои Чемпионат тибқи рақамҳои таркибие, ки дастаҳо дар ҷараёни қуръакашӣ ба даст овардаанд, ташкил карда мешавад.
Дар даври аввали Лигаи якуми Тоҷикистон вохӯриҳои зерин доир мешаванд:
«Исфара» (Исфара) – «Равшан» (Зафаробад)
«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) – «Шоҳмансур» (Душанбе)
«Эсхата» (Хуҷанд) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)
«Ҳосилот» (Фархор) – «Ҳулбук» (Восеъ)
«Равшан» (Кӯлоб) – «Саройкамар» (Панҷ)
«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Моҳир» (Ёвон)
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум даҳаи дуюми моҳи апрел оғоз мешавад. Мутобиқи қоидаи муқарраргардида, дастаи ғолиб ва барандаи нишонҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2020 ҳаққи иштирок дар мавсими ояндаи Лигаи олиро ба даст меоранд.








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






