ФУТБОЛ: Чемпионати Тоҷикистон байни бонувон оғоз мешавад

Апрель 15, 2020 08:32

ДУШАНБЕ, 15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии Лигаи миллии бонувони Тоҷикистон баргузор шуд. Чун соли қаблӣ барои медалҳо 10 даста мубориза мебаранд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар Чемпионати мазкур, ки 19  апрел оғоз мешавад, дастаҳои футболи «Зебонисо»-и Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Хатлон»-и Бохтар, «Барқ»-и  Норак, «Ҳосилот»-и  Фархор, «Зебо»-и Дӯстӣ, «Чашма»-и Шаҳритус, «Равшан»-и  Кӯлоб, «Бешкент»-и Носири Хусрав ва «Панҷшер»-и  Ҷалолиддин Балхӣ байни ҳам сабқат мекунанд.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар ду марҳила баргузор шуда, дастаҳо дар хона ва меҳмонӣ рақобат мекунанд. Ҳамаи дастаҳо 18 бозӣ анҷом медиҳанд.

Чемпионати Тоҷикистон-2020 миёни бонувон

Даври 1-ум

19 апрел (якшанбе)

«Зебонисо» – «Хатлон»

«Бешкент» – «Хосилот»

«Панҷшер» – «Чашма»

«Регар-ТадАЗ» – «Зебо»

«Равшан» – «Барқ»

 Даври 2-юм

26 апрел (якшанбе)

«Хатлон» – «Барқ»

«Зебо» – «Равшан»

«Чашма» – «Регар-ТадАЗ»

«Ҳосилот» – «Панҷшер»

«Зебонисо» – «Бешкент»

Ёдовар  мешавем, ки  12 ноябри соли 2019  дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои бонувон баргузор гардида буд. Дар он  дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ҷараёни чемпионати соли гузашта маҳорати баланд нишон дод. Дар натиҷа дар 16 бозӣ ғалаба карда, як бозиро мусовию як бозиро бо бохт анҷом дода, бо 49 имтиёз дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Дар он  рӯз ба футболбоздухтарони даста медалҳои тилло ва Ҷоми чемпионат тақдим гардид.

Зинаҳои дуюм ва сеюмро дар мавсими соли гузашта дастаҳои футболи  «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ ва «Зебоннисо»-и шаҳри Душанбе ишғол намуда буданд.

Дар мусобиқаи соли гузашта  дарвозабони беҳтарин Меҳрона Файзуллоева аз дастаи «Хатлон», нишонзани беҳтарин Меҳрангез Шарипова аз дастаи «Хатлон», бозингари беҳтарин Некубахт Худододова аз дастаи «Зебоннисо» ва мураббии беҳтарин Ашӯр Гадоев аз дастаи футболи  «Хатлон» дониста шуданд. Аз тарафи Ташкилоти қарзии «Фурӯз» ба ғолибони лигаи бонувон туҳфаҳо супорида шуданд.

Апрель 15, 2020 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд