Имрӯз дастаҳои футболи «Кӯктош» ва «Хуҷанд» бо ҳам рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 22.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии охирини даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ- «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзҳои истироҳатӣ 4 бозии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ доир шуданд. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода- барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта дар майдони худ дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшанро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд.
Дар ҳайати дастаи «Регар-ТадАЗ» Шероз Муҳаммадиев ва Диловаршо Ғаниев дуголӣ ба нишон расониданд. Голи дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшанро Илҳомҷон Баротов зад.
Вохӯрии дигар миёни дастаҳои нави Лигаи олӣ – «Душанбе-83»-и Душанбе ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ мусовӣ анҷом ёфт – 0:0. Бо ин ҳисоб дастаи футболи «Душанбе-83» дар Лигаи олӣ аввалин хол ба даст овард. Бозии марказии даври сеюм миёни дастаҳои пешсаф – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар сурат гирифт, ки ғолиб муайян нашуд. Дастаҳо баробар – 2:2 бозӣ карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум бозингари дастаи «Хатлон» Парвиз Боқиохунов кушод. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 32 ҳисобро баробар кард. Қабл аз танаффус Умарҷон Шарифов тӯби дуюмро вориди дарвозаи «Истиқлол» кард. Бозингарони дастаи «Истиқлол» дар вақти иловагӣ тавонистанд аз бохт раҳо ёбанд. Дар дақиқи 90+5 сардовар Насрулло Кабиров пеналтӣ таъйин кард, ки онро Манучеҳр Ҷалилов бехато иҷро намуд.
Дар бозии дигар дастаи КМВА бар дастаи нави Лигаи олӣ – «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Аввалин ғалабаи дастаи артишро Шодибек Ғаффоров, Дилшод Восиев ва Нодирбек Иброҳимов таъмин карданд. Голи дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанберо дар ин дидори ҷолиб Ислом Зоиров ба ҳадаф расонид.
Дар бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон, ки 11-12 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат сурат гирифтанд, дастаҳои футболи «Локомотив-Помир»-и Душанбе ба «Душанбе-83»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0, «Истиқлол»-и Душанбе ба КМВА бо натиҷаи 2:0, «Хатлон»-и Бохтар ба «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бар «Истаравшан» бо натиҷаи 3:0 ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ба «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 ғолиб омада буданд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм
«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.
Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).
«Истиқлол» — КМВА 2:0
Голҳо: Алишер Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86
«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2
Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).
«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3
Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).
«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0
Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).
| Б | Ғ | М | Б | Т | Х | ||
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 3 | 2 | 1 | 0 | 11-2 | 7 |
| 2 | «Хатлон» (Бохтар) | 3 | 2 | 1 | 0 | 7-5 | 7 |
| 3 | «Файзканд» (Восеъ) | 3 | 1 | 2 | 0 | 5-4 | 5 |
| 4 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 2 | 1 | 1 | 0 | 3-0 | 4 |
| 5 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 3 | 1 | 1 | 1 | 6-4 | 4 |
| 6 | «Локомотив-Помир» (Душанбе) | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-5 | 4 |
| 7 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 2 | 1 | 0 | 1 | 5-4 | 3 |
| 8 | КМВА (Душанбе) | 3 | 1 | 0 | 2 | 4-6 | 3 |
| 9 | «Душанбе-83» (Душанбе) | 3 | 0 | 1 | 2 | 0-8 | 1 |
| 10 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 3 | 0 | 0 | 3 | 2-9 | 0 |
Ҳамаи ин бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат бе иштироки тамошобинон гузаронида мешаванд. Мухлисони футболи тоҷик метавонанд ин вохӯриҳоро тариқи телевизионҳои ватании «Варзиш» ва «Футбол» тамошо кунанд.








Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад






