ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 25, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 25.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти ниқоби «гуногунрангӣ» ва ба «тарзи фаврӣ» додани маълумоти ғаразнок дар бораи рӯйдодҳои ҷумҳурӣ хадамоти махсусе, ки «Ахбор.ком» ва «наҳзат.ру»-ро маблағгузорӣ мекунад, мақсад дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазъияти солҳои 90-уми асри гузашта, ки дар натиҷаи он даҳҳо ҳазор шаҳрвандон қурбони ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ гаштанд, бозгардонад.

Чунин омадааст дар Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сомонаи мақомоти мазкур  ба нашр расидааст. Дар зер матни пурраи ин изҳоротро манзури хонандагон мегардонем:

«Сомонаҳои интернетии Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») хилофи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ амал намуда, ғояҳо ва ақидаҳои ифротгароёнаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии «Ҳизби наҳзати ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигарро, ки фаъолияташон бо ҳалномаҳои судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, паҳн менамоянд.

Бо ин амали худ онҳо ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, маҳалгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоию мазҳабӣ даст зада, барои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ даъват менамоянд.

Таҳлили маводи интишории ин сомонаҳо нишон медиҳад, ки муҳтавои аслии матлабҳо аз таҳриф сохтани воқеият, пешниҳоди ахбори бардурӯғ ва иғвоангез иборат буда, он ҷиҳати ба вуҷуд овардани ҳисси нобоварӣ ва норозигии аҳолӣ нисбат ба сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

Ҳамзамон ин амали ҷинояткорона баҳри ҷалби маблағгузорон аз ҳисоби созмону ташкилотҳое, ки мақсади ноором гардонидани вазъи сиёсиву иҷтимоиро дар давлати мо доранд, равона гардидааст.

Бояд зикр кард, ки таъсис ва пешбурди кори сомонаҳои интернетӣ, суиистифода аз эътиқод ва мафкураи мардум дар замони муосир яке аз усулҳои маъмули фаъолияти хадамоти махсуси баъзе давлатҳои хориҷӣ маҳсуб меёбад.

Прокуратураи  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2019 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бастани сомонаҳои интернетии «Ахбор.ком» ва «наҳзат.ру» муроҷиат намуд.

18 феврали соли 2020 аризаи мазкур аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардида, сомонаҳои интернетии «Ахбор.ком» ва «наҳзат.ру» баста шуда, воридоту паҳн кардани аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва маводи чопии онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Аксарияти мақолаҳо ва хабарҳое, ки дар сомонаи интернетии болозикр ҷой карда мешаванд, сабаби ба вуҷуд овардани низоъҳои гуногун аз нигоҳи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ дар байни хонандагони онҳо мегардад, ки тибқи талаботи моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин амалҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз ин рӯ кирдори ашхосе, ки хилофи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда бо созмонҳои террористӣ ва сомонаҳои манфиатҳои онҳоро ҳимоякунанда ҳамкорӣ менамоянд, тибқи талаботи қонун баҳогузорӣ карда мешавад».

Апрель 25, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон