НИҚОБИ ТИББИРО БОРИ АВВАЛ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ТАВСИЯ ДОДААСТ! Дар ин бора синошинос, доктори илми фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт

Апрель 28, 2020 13:02

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бори охирин кай шумо ниқоби тиббӣ пӯшида будед? Ин як мавзӯи маъмулист, ки онро дар байни мардум дида, кас ҳайрон намешавад ва аз шахси бемор фарёд зада намегурезад. Аммо ба монанди ҳаб ва ҳама чиз, ки аз рушди тиб вобаста аст, ниқобҳое, ки дигаронро аз бактерия ва вирусҳо муҳофизат мекунанд, на ҳамеша буданд ва таърихи ногуворе доштанд. Ниқоби тиббии аввалин низ бори аввал  аз ҷониби маъруфтарин донишманди  тиб, мутафаккири бузурги тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ Абуалӣ Ибни Сино ба вуҷуд омадааст.  Дар ин бора  ходими калони илмии Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Муҳиба МАҲМАДҶОНОВА  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ  иттилоъ дод.

Бино ба гуфти  номбурда, Ибни Сино дар замони худ (солҳои 1000-1030) ҳангоми сирояти бемории тоун ниқобҳои махсусро дар шакли минқори паранда тавсия дода буд. Барои чӣ дар шакли минқори паранда? Барои он ки дар нӯги минқори паранда ҳудуди 50 см пахтаи тар кардашуда бо маводи зиддиуфунӣ гузошта мешуд, то ҳангоми муомила бо бемор таъсири баръаксаш нисбат ба табиб камтар бошад. Бубинед, ҳангоми муолиҷаи бемории короновирус имрӯзҳо асосан табибон сироят меёбанд. Сино инчунин гиёҳҳои шифобахши хушбӯйро дар нӯли дароз ҷойгир мекард, зеро бовар дошт, ки ин беморӣ бӯй ба амал меорад. Худи табибон доимо сирпиёзу қаламфурро барои пешгирӣ кардан дар бинӣ ва гӯшҳо мемолиданд. Онҳоро дар ҳамон давраҳо дар Аврупо бо унвони «зоғҳои сиёҳ» ном мегирифтанд.  Табибони Шарқро бо чунин ниқобу либосҳои махсуси аз карбос омодашуда мешинохтанд.

Доктори илми фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова

Бино ба маълумоти доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова, дар соҳаи тиб истифодаи карбос низ бори аввал аз ҷониби Ибни Сино тавсия шудааст. Зеро карбос матои пахтагин ва беҳтарин аст, ки ҳаворо ба таври махсус полоиш дода, мегузаронад. Дар он давраҳо карбос танҳо аз Шарқ ба Аврупо интиқол меёфт. Чунки онҳо пахта надоштанд. Истифодаи пахта ҳамчун маводи зиддиуфунӣ дар ҷарроҳӣ ва басту бандҳо дар  Шарқ ва тавсияи асарҳои Абӯалӣ Ибни Сино, махсуссан «Ал-қонун» аз ҳамон давраҳо сарчашма мегирад. Тавсияҳои ин донишманди бузурги тоҷикро мардуми Аврупо ҳанӯз дар асри 16 ҳангоми  зуҳури бемории тоун васеъ истифода бурдаанд. Инчунин бори аввал истифодаи докаро дар тиб яке аз пешвоёни илми тибби форсу тоҷик Муҳаммад Закариёи Розӣ (IХ-Х) пешниҳод намудааст. Истифодаи дока ва пахтаро дар ҷарроҳӣ Ибни Сино инкишоф   додааст. Ҳатто безарар кардани онҳо ба воситаи ҳарорати баланд аз ҷониби ибни Сино пешниҳод шудааст. Баъдтар дар аввали асри XVII табибони Аврупо аз «Ал-қонун»-и Сино истифода карда,  либоси махсусро, ки ниқоби афсонавӣ бо минқори паррандаҳоро дарбар мегирад, ихтироъ намуданд. Ниқоб якбора ду мақсадро иҷро мекард. Онҳо чунин мешумурданд, ки азбаски тоунро парандаҳо меоварданд, чунин ниқобе, ки духтурро ба худои мисрӣ монанд мекунад, бемориро «метарсонад», аммо вай воқеан татбиқи амалӣ дошт.

Тавре дар шабакаи интернет таъкид шудааст,   ниқоби тиббӣ, яъне  «минқори парранда» ҳамчун  қисми таркибии либоси махсуси тиббӣ дар ибтидои асри XVII аз ҷониби духтури фаронсавӣ Чарлз Лорм барои муҳофизат аз бемориҳои вабо ихтироъ шудааст. Ниқоб, ки барои муҳофизат аз бӯи бад пешбинӣ шудааст, чун респиратор барои ҳифзи роҳҳои нафас аз газҳои зарарнок, вирусҳо ва сироятҳое, ки  тавассути қатраҳои ҳаво паҳн мешаванд, истифода мегардад. Ба ҷои сӯрохиҳои чашм дар он шиша мегузоштанд.  Ин роҳи охирин ва ҳамзамон самарабахштарин маҳсуб мешуд.

«Хушбахтона, имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мероси гаронбаҳои Ибни Сино хеле васеъ истифода мебарад. То ҳанӯз аз ҷониби донишмандони соҳаи тибби ҷаҳонӣ муроҷиатҳои зиёдеро нисбат ба дастрасии мероси гаронбаҳои Ибни Сино эҳсос менамоем. Хатарҳое, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд, ба монанди коронавирус бо ин ё он шакл ба ҷомеаи инсонӣ доимо таҳдид мекарданду мекунанд. Аз рӯи баъзе сарчашмаҳо, беш аз ду ё шаш ҳазор табибони номвари форсу тоҷик дар давраҳои то Сомониён, давраи Сомониён ва  баъди онҳо фаъолият менамуданд, ки машҳуртаринашон Закариёи Розӣ ва Ибни Сино мебошанд.Таҷрибаи мубориза бо амрози сорӣ-сироятӣ дар осори Сино махсус дарҷ гардидааст.  Он аз таҷрибаи имрӯзаи маъмул қариб, ки фарқи зиёде надорад»,- гуфт М. Маҳмадҷонова.

Масалан, дар бораи табақабандии ин беморӣ Закариёи Розӣ гуфтааст, ки бояд беморонро дар марҳилаи пеш аз ворид шудан ба бемористон тақсимбандӣ кунем. Яъне хатари аз як бемор ба бемори дигар гузаштани бемориҳои сироятшавандаро онҳо аллакай дарк карда буданд. Ибни Сино мегӯяд, ки бемориҳои сироятшаванда ба воситаи ҷисмҳои хеле хурде, ки ба назар наменамоянд,   аз як нафар ба нафари дигар мегузаранд. Ва ҳатто таъкид мекунад, ки аз ҳайвонот низ гузаштани баъзе бемориҳо  имкон дорад. Дар  замоне, ки ҳанӯз заррабин (микроскоп) набуд ва имконияти ҷисмҳои хурди сирояткунанда, бактерия, вирусҳоро дидан набуд,  донишмандони бузурги тоҷик аллакай медонистанд, ки  ин бемориҳо  чӣ хел аз як шахс ба шахси дигар сироят мекунанд ва ё ки ба давлати дигар интиқол меёбанд.

Аз рӯи маълумоти дар «Ал-қонун» омада, Ибни Сино тавсия додааст, ки ҷасади шахсони аз ин гуна бемориҳо фавтидаро  дар қабристонҳои алоҳида ба хок супоранд. Чунки ин сарчашмаи инкишоф ёфтани маризӣ мебошад. Ин тавсияи ибни Синоро дар охири асри 19 ва аввали асри 20 дар Бухоро ба таври васеъ истифода намудаанд.

Эпидемияи навбатӣ чун эпидемияҳои қаблӣ аз инсоният тақозо мекунад, ки аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва тавсияҳои падари тибби ҷаҳон, мутафаккири бузурги тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ Абӯалӣ Ибни Сино, ки ҳанӯз 1000 сол пеш гуфта  буд, самаранок истифода барад.

Апрель 28, 2020 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад