Моҳи сентябр дар Панҷакент сохтмони корхонаи металлургии коркарди мис оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нақши корхонаи муштараки «Зарафшон» дар рушди иқтисодиёти шаҳри Панҷакент назаррас буда, дар он беш аз 2 ҳазору 90 коргар фаъолият доранд. Бо бунёди корхонаи металлургии коркарди мис теъдоди зиёди сокинон иловатан бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Тибқи нақша, сохтмони корхонаи нав моҳи сентябри соли равон оғоз шуда, соли 2022 ба охир мерасад. Ин нукта 7 апрел зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари корхонаи муштараки «Зарафшон» Жан Яомин зикр гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаи муштараки «Зарафшон», иҷрои уҳдадориҳои корхона, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бунёди боз як корхонаи металлургии коркарди мисро баррасӣ намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатисозии мамлакат бунёди корхонаи навро дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ саривақтӣ арзёбӣ намуд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки тибқи уҳдадориҳо аз ҷониби корхона дар шаҳри Панҷакент ду мактаби замонавӣ бунёд мегардад.
Дар поёни мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат корхона уҳдадориҳояшро иҷро намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар се моҳи аввали соли 2020 дар корхонаи муштараки «Зарафшон» ба маблағи 850,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 286,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд






