Муҳлати бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 ба таъхир гузошта шуд

Апрель 17, 2020 14:28

ДУШАНБЕ, 17.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби авҷ гирифтани  бемории коронавирус дар ҷаҳон Конфедератсияи футболи Осиё  ҳамаи бозиҳои мусобиқаҳоеро, ки мебоист моҳҳои май ва июн баргузор мешуданд, ба муҳлати номуайян ба таъхир андохт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Пас аз андешидани тадбирҳои пешгирикунанда ва маҳдудиятҳои сафар дар якчанд кишвар Конфедератсияи футболи Осиё  тасмим гирифт, ки ҳамаи бозиҳо ва мусобиқаҳои моҳҳои май ва июн таъйиншударо то огоҳии минбаъда мавқуф гузорад.

Конфедератсияи футболи Осиё  пандемияи COVID-19-ро бодиққат пайгирӣ карда, қаблан дар як қатор ҷаласаҳои фавқулода дар Деҳлӣ, Давҳа, Дубай ва Куала-Лумпур бозиҳои худро дар моҳҳои март ва апрел ба таъхир гузошта буд.

Конфедератсия ҳамкориро бо созмонҳои иштироккунандаи мусобиқаҳои Конфедератсияи  футболи Осиё  идома медиҳад ва тамоми имконоти анҷом додани марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё -2020 ва Ҷоми АFC-ро меомӯзад. Конфедератсияи мазкур  пеш аз пешниҳоди санаҳои нав барои бозиҳои таъхиршуда вазъро бодиққат арзёбӣ ва назорат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ду дастаи  Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд — дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё  -2020 ба гурӯҳи «D» шомиланд. Бозии нахустин даври мусобиқа дар ин гурӯҳ миёни  дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки 11  марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бе ҳузури тамошобинон доир гардида буд, бо пирӯзии чемпиони  Тоҷикистон-  «Истиқлол»-и Душанбе  бо ҳисоби 2:0 ба поён расида буд.

Бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Дордой»-и Қирғизистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон, ки мебоист 11 март дар шаҳри  Бишкек доир мегашт, ба муҳлати дертар ба таъхир гузошта шуд. Ҳамин тариқ,  дастаи  футболи «Истиқлол»-и Душанбе  бо се имтиёз дар гурӯҳи «D»  мақоми аввалро касб намуд.

Ҷоми AFC-2020

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

11-уми март (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 21 (1:0), Манучеҳр Ҷалилов, 29 – аз пеналтӣ (2:0)

«Дордой» (Қирғизистон) — «Алтин Асир» (Туркманистон) – ба таъхир андохта шуд

Даври 2-юм

15 апрел (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) — ба таъхир андохта шуд

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) — ба таъхир андохта шуд

Даври 3-юм

29 апрел (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) — ба таъхир андохта шуд

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) — ба таъхир андохта шуд

Даври 4-ум

13 май (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) — ба таъхир андохта шуд

«Дордой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) — ба таъхир андохта шуд

Даври 5-ум

27 май (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) — ба таъхир андохта шуд

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон) — ба таъхир андохта шуд

Даври 6-ум

17 июн (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) — ба таъхир андохта шуд

«Дордой» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) — ба таъхир андохта шуд.

Апрель 17, 2020 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад