ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани борони башиддат идома меёбад

Апрель 15, 2020 08:02

ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борони башиддат пешбинӣ шудааст. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр боридани барф аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр  боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 6+11 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони башиддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад.  Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони башиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони  башиддат меборад.  Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7+12 ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва  рӯзона 5+10 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо боронҳои башиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 7+9 ва  рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 15, 2020 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад