ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шудааст

Апрель 16, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ғарби вилоят баъзан борон меборад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Рӯзона дар водиҳо эҳтимоли боришоти нисбатан сусти борон дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ туман мефарояд. Шамол  аз самти  ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона эҳтимоли бориши нисбатан суст пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзе ҳолатҳо борони сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ағбаҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 6+11 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва  рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 7+9 ва  рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 16, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид