Ғолибони озмунҳои касбии соҳавии шаҳри Душанбе муайян шуданд

Апрель 18, 2020 11:54

ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе барандагони стипендияи Раиси шаҳр — хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт ҳавасманд гардиданд. Ҳамзамон дар ин рӯз ба ғолибони озмунҳои касбии соҳавии шаҳри Душанбе ҷоизаҳои шаҳрдорӣ супорида шуданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 72-и шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2019» дониста шуда, бо маблағи 6000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид. Омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»-и шаҳри Душанбе Саидкарим Раҳимов  барои ғолибият дар озмуни «Омӯзгори сол-2019» бо маблағи 6000 сомонӣ ва диплом қадрдонӣ шуд.

Дар озмуни «Хонандаи сол-2019» ҷоиза дар ҳаҷми 4000 сомонӣ ва диплом ба хонандаи Муассисаи давлатии  таълимии литсейи №3 барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Душанбе Дилноза Азимова  сазовор дониста шуд.

«Дар ин рӯз ғолибони озмунҳои касбии соҳаҳои тандурустии шаҳри Душанбе “Беморхонаи сол-2019”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол-2019”, “Табиби сол-2019”, «Табиби оилавии сол-2019” ва “Корманди миёнаи тибби сол-2019” муайян гардиданд. Коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Беморхонаи шаҳрии бемориҳои сили кӯдакона” ғолиби озмуни “Беморхонаи сол-2019” дониста шуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №9” ғолиби озмуни “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби сол-2019” – духтури  педиатри (сармутахассиси ғайривоҳидии Раёсати тандурустӣ, муовини сартабиб оид ба ёрии таъҷилӣ)-и Маркази тиббии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ Раҳим Раҳимов бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми  5 000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби оилавии сол-2019” — табиби оилавии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №1″ Шарифа Шодиева  бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ ва ҳамшираи тиббии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №7» Наҷиба Зардова ғолиби озмуни “Корманди миёнаи тибби сол-2019” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд”, -афзуд манбаъ.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ғолиби озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» майори милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №6 шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ Фируз Мирзоев бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ, барои дарёфти ҷойи дуюм майори милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №13 шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ-1 Фаррух Мусозод  бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12 000 сомонӣ ва барандаи ҷойи сеюм майори милитсия, сардори минтақаи хизматии маъмурии №14 шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ-1 Шарифзода Абдусаттор Саид дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ қадрдонӣ шуда, бо Шаҳодатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

Фаъолияти самарабахши нафароне, ки шабонарӯзӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани пойтахт- шаҳри Душанбе заҳмат мекашанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  қадрдонӣ карда шуд.

Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе Парвина Шамсиддинова, Сайниссо Газиева, Шоира Суюнова  ва Мукаррам Қосимова- ҳар кадоме бо маблағи 5000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Апрель 18, 2020 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд