Пагоҳ бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оғоз мешаванд

Апрель 10, 2020 14:30

ДУШАНБЕ, 10.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 11-12 апрел бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни  дастаҳои футболи «Душанбе-83»-и  Душанбе  бо «Локомотив-Помир»-и  Душанбе ва «Истиқлол»-и Душанбе бо КМВА баргузор мешаванд. Мавзӯи мазкурро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

 8 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  бо бозӣ байни дастаҳои футболи  «Душанбе-83»-и Душанбе  ва «Истиқлол»-и Душанбе  рақобатҳои даври якуми  Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ хотима ёфта буд. Вохӯрии ин дастаҳо  хеле  ҷолиб сурат гирифта, бо натиҷаи  назаррас —  7:0 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе анҷом ёфт.

Чемпионати Тоҷикистон-2020

Лигаи олӣ

Даври 1-ум

«Душанбе-83» – «Истиқлол» — 0:7

Голҳо: Вахит Оразсахедов 26, Манучеҳр Ҷалилов 31, 60, 64, Алишер Ҷалилов 46, Шериддин Бобоев 80, 90.

Ҳамчунин ҳамон рӯз дар бозии аввали худ  дастаи КМВА дар майдонаш дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷандро қабул намуд. То нимаи қисми аввали дидор соҳибони майдон дар баробари ҳарифон ҳуҷумҳои пайдарпай созмон доданд. Аммо ҳамлагари меҳмонон Андрей Сидоров қабл аз танаффус ба задани гол даст ёфта, дастаашро ба пеш баровард. Дар қисми дуюми рақобат, аниқтараш дар дақиқаи 63-юм бозингари дигари дастаи «Хуҷанд»- Хуршед Бекназаров як бори дигар дарвозаи дастаи КМВА- ро рахна сохта, таносубро боло бурд. Бо вуҷуди 10-нафара бозӣ кардан соҳибони майдон дар дақиқаи 76-ум ба як голи меҳмонон ҷавоб гардониданд. Ин голро Шодибек Ғаффоров бо истфода аз зарбаи кунҷӣ ба ҳадаф расонид ва ҳисобро 2:1 намуд. Дар дақиқаҳои охири бозӣ футболбозони дастаи   «Хуҷанд» аз ҳолати пеналтӣ ба задани голи сеюм даст ёфтанд.

Ҳамин тариқ,  дастаи футболи «Ҳуҷанд»-и Хаҷанд рақобати аввали худро дар Чемпионати имсолаи мамлакат бо ғалаба анҷом дод.

 Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум.

КМВА – «Хуҷанд» – 1:3.

Голҳо: Андрей Сидоров, 45 (0:1). Хуршед Бекназаров, 63 (0:2). Шодибек Ғаффоров,76 (2:1). Манучеҳр Ахмедов, 90+2 пеналти (1:3).

Ёдовар  мешавем, ки 5  апрел  мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардида буд. Дастаҳои нави Лигаи олӣ – «Локомотив-Помир»-и Душанбе  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ байни ин дастаҳо  хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби  мусовӣ-  2:2 анҷом ёфт. Дар вохӯрии дигар дастаи «Хатлон»-и Бохтар  бар дастаи  футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳамчунин   дидори дастаҳои  футболи «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  ва «Регар-ТадАЗ»-и  Турсунзода    бо ҳисоби мусовии   0:0  хотима  ёфт.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. 1-ум давр 

«Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2

 Голҳо: Наврӯз Рустамов, 49 (0:1). Шаҳром Сулаймонов, 55 (1:1). Азизбек Ҳасанов, 71 (2:1). Азизҷон Зарипов, 72 (2:2).

5 апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 «Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1

 Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (0:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 53 (1:1). Эҳсон Бобоев, 90+4 – аз пеналтӣ (2:1).

5 апрел. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.

 «Куктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0

5 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

Апрель 10, 2020 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд