Пагоҳ бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон оғоз мегарданд

Апрель 25, 2020 09:40

ДУШАНБЕ, 25.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои  даври  дуюми  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон баргузор мегарданд. Дар даври дуюм дастаҳои  футболи «Хатлон»-и Бохтар  бо  «Барқ»-и Норак, «Зебо»-и  Дӯстӣ  бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Чашма»-и Шаҳритус бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Ҳосилот»-и ноҳияи  Фархор  бо «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ ва «Зебонисо»-и Душанбе бо «Бешкент»-и Носири Хусрав байни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Даври аввали  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон 19 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат  оғоз гардида буд, ки дар он 10 даста иштирок доранд.  Дар бозии марказии даври аввал муддаиёни медалҳои тилло — дастаи  футболи  «Зебонисо»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар бо ҳам вохӯрданд. Бозӣ байни  ин дастаҳо  бошиддат сурат гирифта, бо пирӯзии  дастаи  «Хатлон»-и Бохтар   бо ҳисоби 1:0  анҷом ёфт. Дар ин  сабқати ҷолиб голи ягонаро Муҳайминаи Гулаҳмад ба нишон расонид.

Ҳамчунин  дастаҳои футболи «Зебо»-и Дӯстӣ  бар  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Барқ»-и Норак  бар дастаи  «Равшан»- и  Кӯлоб  бо ҳисоби  якхелаи  1:0  ғолиб омаданд.

Дар даври аввал футболбоздухтарони  дастаи  «Чашма»-и Шаҳритус  дастаи  «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхиро бо ҳисоби калони 6:1 шикаст доданд. Дастаи  «Бешкент»-и Носири Хусрав  ба дарвозаи «Ҳосилот»-и ноҳияи  Фархор  2 голи беҷавоб зад.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар ду марҳила баргузор шуда, дастаҳо дар хона ва меҳмонӣ рақобат мекунанд. Ҳамаи дастаҳо 18 бозӣ анҷом медиҳанд. Ҳамаи ин бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни  бонувон бе иштироки тамошобинон дар  варзишгоҳҳои мамлакат гузаронида мешаванд. Мухлисони футболи тоҷик метавонанд ин вохӯриҳоро тариқи  телевизионҳои  ватании   «Варзиш» ва «Футбол»  тамошо карда, ҳаловат баранд.

Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон
Натиҷаҳои даври аввал
«Зебонисо» – «Хатлон» – 0:1
«Бешкент» – «Ҳосилот» – 2:0
«Панҷшер» – «Чашма» – 1:6
«Регар-ТадАЗ» – «Зебо» – 0:1
«Равшан» – «Барқ» – 0:1

Апрель 25, 2020 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд