Пахши мустақими бозиҳои Чемпионати футболи Тоҷикистонро дар Испания, Сербия, Украина ва дигар давлатҳои ҷаҳон тамошо мекунанд
ДУШАНБЕ, 22.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳоле ки бозиҳои футбол дар саросари ҷаҳон бо сабаби паҳншавии бемории коронавирус муваққатан қатъ шудаанд, футболбозону мухлисони зиёд аз кишварҳои гуногун рақобатҳои футболи Тоҷикистонро тамошо мекунанд. Зимни ин бозиҳо бозингарони тоҷик ба онҳо паёму орзуи шифо мефиристанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти шореҳи варзиши телевизион Бобоҷон Холмуродзода хабар медиҳад.
Тоҷикистон аллакай «Лестер»-и худро дорад. Бозии марказии даври сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Хатлон»-ро расонаи машҳури испании «AS» бо ин сарлавҳа шарҳ додааст. Тавсифи дастаи футболи «Хатлон» аз ҷониби расонаҳои ҷаҳонро сармураббии ин даста Аслиддин Ҳабибуллоев имконияти хубе барои бозингарони ҷавони дастааш медонад.
Ҳоло пахши мустақими бозиҳои Чемпионати футболи Тоҷикистонро шабакаҳои варзишии Испания, Сербия ва Украина расман харидаанд. Аз ин истифода бурда, дар оғози ҳар бозӣ футболбозони тоҷик ба кишварҳое, ки аз сирояти коронавирус ранҷ мекашанд, паём мефиристанд. «Футболи шумо моро рӯҳбаланд мекунад. Қавӣ бош, Испания!»-ин навиштаҷот дар атрофи майдон гузошта шудааст.
Дар даври гузашта ҳам, ки дастгирии бозингарони дастаи «Истиқлол» ба аҳолии Испания буд, тахминан даҳ дақиқа баъд аз бозӣ бозингари маъруфи дастаи мунтахаби Испания Луис Гарсия дар саҳифаи «Инстаграм»-и худ миннатдориашро баён намуд. Рӯзномаву маҷаллаҳои испаниву сербӣ аз ин иқдом истиқбол карданд.
Дар баробари иқдоми Федератсияи футбол ва раҳбарияти дастаҳо бозингарон ҳам худро дар канор намегиранд. Онҳо бо ҳар роҳе талош мекунанд, афроди мубталои коронавирусро рӯҳбаланд созанд. Паёмҳои онҳо вокунишҳои мусбат меоранд. Масалан, мегӯянд:
«Мебинем, чӣ тавр дар дигар давлатҳо футбол нест ва одамон аз хона баромада наметавонанд. Ин ҳолат моро ғамгин мекунад. Мо ҳамеша дуогӯи шумо ҳастем».
Легионерҳои футболи тоҷик, ки шумораашон дар дастаҳои Лигаи олӣ 42 нафар аст, мегӯянд, манъ нашудани чемпионати футбол дар Тоҷикистон онҳоро хушҳол кардааст. Годсон Куйе, легионер аз Гана, ки дарвозабони дастаи футболи «Хатлон»-и Бохтар аст, бо забони тоҷикӣ ва каме канда-канда ҳарф мезанад. Ӯ мегӯяд: «Дар Тоҷикистон коронавирус нест. Дар Аврупо, Франсия, Испания футбол нест. Дар ин ҷо футбол рафта истодааст. Ҳамаи одамон бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистонро тамошо мекунанд. Ин хуб аст».
Ба далели он ки дар ҳудуди Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, бозиҳои Лигаи олии мамлакат аз рӯи нақша баргузор мешаванд. Аммо бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳо дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон доир мегарданд. Ҳаводорони футбол бозиҳоро тариқи телевизион тамошо мекунанд.
Бозии даври сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар ҳам бо шиори «Қавӣ бошед, мардумони бародар! Мо барои шумо ва барои тамоми ҷаҳон дуогӯем», шурӯъ шуд.
Ҳамчунин барои дастгирии табибони тамоми ҷаҳон, ки муқобили пандемияи коронавирус мубориза мебаранд, дар минбари шимолии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ овезае бо навиштаҷоти «Шумо қаҳрамонони воқеии даврони моед» гузошта шудааст.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






