ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Карантин. Ҳаво тоза шуд! Сокинони Ҳиндустон дар муддати 30 сол бори аввал тавонистанд Ҳимолойро бубинанд
ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Низоми карантиние, ки дар бисёр кишварҳо бар зидди пандемияи коронавирус ҷорӣ карда шудааст, ба муҳити зист таъсири назаррас расонд. Аз сабаби кам гаштани партовҳои зарарнок вазъи экологӣ дар Чин, Италия ва як қатор кишварҳои дигар хеле беҳ гаштааст, менависад мухбири АМИТ «Ховар» бо такя ба ВАО-и ҷаҳонӣ.
Ба ин қатор ҳамчунин метавон Ҳиндустонро шомил намуд, ки он зиёда аз 20 рӯз боз дар карантини миллӣ қарор дорад. Сокинони иёлати Панҷоби Ҳиндустон дар сӣ соли охир бори аввал тавонистанд Ҳимолойро бубинанд, менависад Bored Panda.
Акнун шаҳрвандон имкон доранд, ки аз тамошои кӯҳҳои пуршукӯҳу барфпӯши хеш лаззат баранд.
Пандемияи COVID-19 метавонад баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба коҳиш ёфтани калонтарин ихроҷи гази карбон сабаб гардад.
Профессор Роб Ҷексон аз Донишгоҳи Стэнфорди Калифорния гуфт, ки ин коҳиш метавонад 5 фоиз бошад. Чунин нишондод зиёда аз 70 сол боз мушоҳида нашуда буд.
«На пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, на ягон буҳрони мухталифи нафт дар муддати 50 соли охир эҳтимол ба ихроҷи партовҳо чунин таъсир нагузоштаанд»,-мегӯяд ӯ.
Аллакай аксари давлатҳои ҷаҳон аз соф шудани ҳавои кишвари хеш хабар медиҳанд. Мушоҳидаҳои моҳворавӣ низ бамаротиб кам гаштани партовҳои диоксиди азотро дар Чин ва Италияро ишора менамоянд.
Ҳамзамон коршиносон изҳор медоранд, ки агар давлатҳо ба тағйироти ҷиддии сохторӣ дар муҳити зист машғул нашаванд, коҳиши партовҳо кӯтоҳмуддат хоҳад буд ва он ба ҳавои ғализи даҳсолаҳо ҷамъшуда кам таъсир гузошта метавонад.
АКС: аз twitter








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






