ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Карантин. Ҳаво тоза шуд! Сокинони Ҳиндустон дар муддати 30 сол бори аввал тавонистанд Ҳимолойро бубинанд

Апрель 10, 2020 10:51

ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Низоми карантиние, ки дар бисёр кишварҳо бар зидди пандемияи коронавирус ҷорӣ  карда шудааст, ба муҳити зист таъсири назаррас расонд. Аз сабаби кам гаштани партовҳои зарарнок вазъи экологӣ дар Чин, Италия ва  як қатор кишварҳои дигар  хеле беҳ гаштааст, менависад мухбири АМИТ «Ховар» бо такя ба ВАО-и ҷаҳонӣ.

Ба ин қатор ҳамчунин метавон Ҳиндустонро шомил намуд, ки он зиёда аз 20 рӯз боз дар карантини миллӣ қарор дорад. Сокинони иёлати Панҷоби Ҳиндустон дар сӣ соли охир бори аввал тавонистанд Ҳимолойро бубинанд, менависад Bored Panda.

Акнун шаҳрвандон имкон доранд, ки аз тамошои  кӯҳҳои  пуршукӯҳу барфпӯши   хеш  лаззат баранд.

Пандемияи COVID-19 метавонад баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба коҳиш ёфтани калонтарин ихроҷи гази карбон сабаб гардад.

Профессор Роб Ҷексон аз Донишгоҳи  Стэнфорди Калифорния гуфт, ки ин коҳиш  метавонад 5 фоиз бошад. Чунин нишондод зиёда аз 70 сол боз мушоҳида нашуда буд.

«На пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, на ягон буҳрони мухталифи нафт  дар муддати 50 соли охир эҳтимол  ба ихроҷи партовҳо чунин таъсир  нагузоштаанд»,-мегӯяд ӯ.

Аллакай аксари давлатҳои ҷаҳон аз соф шудани ҳавои кишвари хеш  хабар медиҳанд. Мушоҳидаҳои моҳворавӣ низ бамаротиб кам гаштани партовҳои диоксиди азотро  дар Чин ва Италияро ишора менамоянд.

Ҳамзамон коршиносон изҳор медоранд, ки агар давлатҳо  ба тағйироти ҷиддии сохторӣ дар муҳити зист машғул нашаванд, коҳиши партовҳо кӯтоҳмуддат хоҳад буд ва он ба ҳавои ғализи даҳсолаҳо ҷамъшуда кам таъсир гузошта  метавонад.

АКС: аз twitter 

Апрель 10, 2020 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»