Роҳбари СММ: мо дар қиболи кизбу дурӯғ оид ба COVID-19 далелҳои илмӣ пешниҳод намоем

Апрель 15, 2020 09:31

ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар мубориза бо COVID-19,  ки ба буҳроне, мисли давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон овардааст, оламиён муттаҳид шудаанд, ёдрас намуд роҳбари СММ Антонио  Гуттериш 14 апрел дар як паёми видеоии  вижа. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад. «Акнун мо шоҳиди эпидемияи хавфноктар- эпидемияи  маълумоти таҳрифёфтаем», — илова кард дабири кулл.

Аз рӯи гуфтаҳои ӯ, дар ҳама ҷо «гиёҳдармонҳо» бо тавсия  ва дорухатҳои хеш пайдо мешаванд, ки метавонанд ба саломатӣ осеб расонанд. Дар шабакаҳои мустақим  дурӯғи маҳз  садо медиҳад. Нафрат, бадбинӣ, таҳқир ва  таҳрифкунии шахсони алоҳида ё гурӯҳҳо торафт вусъат мегирад.

«Дар муқовимат алайҳи ин беморӣ бояд ҷаҳон муттаҳид гардад. Ва эътимод дар ин ҳолат беҳтарин  дору  буда метавонад». Мо бояд ба илм, муассисаҳо ва ба ҳамдигар бовар намоем,- чунин даъват ба амал овард аз ҳамагон  роҳбари СММ.

Ӯ дар муқобили дурӯғбофиҳои  шабакаҳои  иҷтимоӣ, ки   одамонро ба  гумроҳӣ мебаранд, ба заҳмати рӯзноманигороне эҳтиром гузошт, ки воқеиятро аз таҳриф ҷудо месозанд. Вале, ширкатҳое, ки шабакаҳои иҷтимоӣ доранд, изҳороти хусуматомез ва зарарнок марбут ба  COVID-19-ро бояд қатъан ба роҳ монанд.

Институтҳои давлатӣ дар он ҳолат эътимоди шаҳрвандонро ба даст меоранд, ки дар амалҳои хеш ҳисси масъулият дошта бошанд ва ба иттилооти мӯътамад такя намоянд.

Дабири кулл гуфт, ки эҳтироми тарафайн ва риояи ҳуқуқи инсон дар рафъи буҳрони мавҷуда бояд қутбнамои  мо бошад.

Антонио  Гутерриш ташаббуси нави СММ- пурғановат кардани интернетро  бо далелҳои илмӣ эълон намуд ва онҳоро ба «мавҷи дурӯғбофиҳо», ки  зиндагии одамонро заҳролуд месозанд, муқобил гузошт.

ДАР АКС: Нью-Йорк  дар қаламрави ИМА ба манбаи калони эпидемияи коронавирус табдил ёфтааст. Акси СММ /Э.Шнайдер

Апрель 15, 2020 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон