Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаи Кӯлоб дидан намуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни як сафари корӣ рӯзҳои 28 ва 29 апрел аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва рафти корҳо дар хоҷагиҳои деҳқонию заминҳои наздиҳавлигии сокинонони шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлилию иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, ки дар соли 2019 ва аввали соли 2020 бо дастгирии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои пешгирӣ ва барқарор намудани офатҳои табиӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Кӯлоб, ки оби сойи Тебалай аз ҳудуди он мегузарад, корҳои заминӣ дар ҳаҷми 2140м3 ва тахтасангҳои бетонӣ дар ҳаҷми 72м3 анҷом дода шуданд. Дарозиии сойи Тебалай 23 км-ро ташкил медиҳад.
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш инчунин аз мавзеи сойи Зиракӣ ва дарёи Ёхсу дидан намуданд. Тибқи маълумоти Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб, дар мавзеи фурудгоҳ корҳои заминӣ дар ҳаҷми 21820м3, тахтасангҳои бетонӣ дар ҳаҷми 405м3 ва дар мавзеи Минтут корҳои заминӣ дар ҳаҷми 2140м3, тахтасангҳои бетонӣ дар ҳаҷми 208м3 ба анҷом расонида шудаанд.
Қоҳир Расулзода ва ҳайати корӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинонони ҷамоатҳои деҳоти «Зиракӣ» ва «Кӯлоб»-и шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.
Зимни боздид Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шаҳрвандоне, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода мебаранд, мулоқот намуда, оид ба аҳамияти захираи маводи озуқа, бахусус дар вазъи баамаломадаи имрӯзае, ки дар ҷаҳон ҳамаро ба ташвиш овардааст, таъкид намуд.
Дар бораи тавсияи духтурон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истеъмоли маҳсулоти дохилӣ, инчунин афзун намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тавсияҳои судманд дода шуданд.








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






