СММ зидди паҳнкунии ахбори бардурӯғ дар бораи коронавирус маърака оғоз мекунад
ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гуттериш оғози маъракаи иттилоотиро алайҳи «пандемияи ахбори дурӯғин» эълон намуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин гуфтаҳо дар сомонаи расмии созмони мазкур нашр шудаанд.
«Дар ҳоле, ки тамоми дунё бо пандемияи ҳалокатовари COVID-19, буҳрони душвортарин пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуда, бо он дар набард аст, мо ҳамчунин эпидемияи дигар- эпидемияи маълумоти таҳрифкунандаро мушоҳида мекунем»,-гуфта мешавад дар изҳорот.
Ба қавли Антонио Гутерриш, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста маслиҳатҳои барои саломатӣ зиёновар паҳн шуда, фазои иттилоотӣ лабрези ахбори дурӯғин гаштааст. «Ҷаҳон бояд дар муқобили ин беморӣ муттаҳид бошад»,- зикр намуд дабири кулл.
«Имрӯз ман ташаббуси нави Созмони Милали Муттаҳидро оид ба вокуниш ба маълумот эълон менамоям, то интернетро бо далелҳои илмӣ пур намоем ва бо ҳамин ба даҳшати афзудаистодаи ахбори дурӯғин, заҳре, ки ҳаёти одамонро бештар зери хатар мегузорад, муқовимат намоем»,-иброз дошт Антониу Гутерриш.
Ӯ ҳамчунин ба рӯзноманигорон ва ашхоси дигаре, ки далелҳоро таҳқиқ мекунанд, баҳои мусбат дод.
ДАР АКС: Антониу Гутерриш. Акси Синхуа








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






