Суғд: Барои иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 740 000 сомонӣ кумакпулии яквақта ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 75-солагии Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамчунин ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд, бо қарори Раиси вилояти Суғд 740 000 сомонӣ кумакпулии яквақта ҷудо гардидаст.
Тавре корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз ин маблағ 192 000 сомонӣ ба 46 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва 2 нафар ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва 546 000 сомонӣ ба 273 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо тақдим мегарданд.
Тибқи ин қарор, ба ҳар як иштирокчии маъюби Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба миқдори 4000 сомонӣ кумакпулии яквақта дода мешавад.
Ҳамчунин ба шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, ба миқдори 2000 сомонӣ кумакпулӣ супорида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Истаравшан- 4 нафар, Ашт- 9 нафар, Бобоҷон Ғафуров- 5 нафар, Бӯстон- 1 нафар, Деваштич- 6 нафар, Исфара- 4 нафар, Конибодом- 3 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ- 1 нафар, Мастчоҳ- 2 нафар, Панҷакент- 2 нафар, Спитамен- 2 нафар, Ҷаббор Расулов- 5 нафар ва Шаҳристон- 2 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






