Суғд: То 6 апрел зиёда аз 800 нафар аз карантин рухсат шуда, 1086 нафар зери назорати он қарор доранд
ДУШАНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд баҳри пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ кардааст, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки дар хориҷи мамлакат қарор доштанд. То 6 апрел дар маҷмӯъ, зиёда аз 800 нафар аз карантин ҷавоб шуда, боқӣ 1086 нафар зери назорати он қарор доранд. Бештари бистаришудагон мардон мебошанд.
Дар ин бора сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳом Пӯлотзода хабар дод.
Тибқи иттилои номбурда, бо мақсади омода будан ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи ин сироят дар вилоят 1030 кат дар шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои марказии шаҳру навоҳии вилоят ва 3 беморхонаи сироятӣ бо 1700 кати захиравии карантинӣ ташкил карда шудаанд.
«Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббии маркази вилоят дорувориҳои зиддивирусӣ ба миқдори 44500 дона (4450 конвалюта), маҳлулҳои безараргардонӣ (дезинтоксикатсионӣ) зиёда аз 11000 шиша, маводи муҳофизӣ, ба монанди ниқоб- 152000 дона, респиратор- 5000 дона, айнак- 600 адад, пойпӯшаки яккарата- 5000 дона, корҷомаҳои яккарата ва бисёркарата- 4000 адад ва дастпӯшакҳои яккаратаву бисёркарата ба миқдори зиёда аз 120 000 ҷуфт захира гардидааст»,-афзуд номбурда.
Илҳом Пӯлотзода инчунин иттилоъ дод, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ нуқтаҳои санитарию карантинӣ амал мекунанд. Мутахассисони эпидемиолог ва сироятшинос бо дастгоҳҳои ҳароратсанҷи фосилавӣ ҳар як шаҳрванди аз сарҳад гузаштаро дақиқ месанҷанд. Қариб 2000 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ, ки аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ гузаштаанд, ба муассисаҳои тиббии вилоят тавассути нақлиёти махсуси тиббӣ интиқол ёфта, бистарӣ шудаанд.
Акс аз moh.tj








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






