Суғд: То 6 апрел зиёда аз 800 нафар аз карантин рухсат шуда, 1086 нафар зери назорати он қарор доранд

Апрель 7, 2020 16:47

ДУШАНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд баҳри  пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти зиёд  рӯ ба рӯ  кардааст,  тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки дар хориҷи мамлакат қарор доштанд. То 6 апрел дар маҷмӯъ, зиёда аз 800 нафар  аз карантин ҷавоб шуда, боқӣ 1086 нафар зери назорати он  қарор доранд. Бештари бистаришудагон мардон мебошанд.

Дар ин бора сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳом Пӯлотзода хабар дод.

Тибқи иттилои номбурда, бо мақсади  омода будан ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи ин сироят дар вилоят 1030 кат дар  шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои марказии шаҳру навоҳии вилоят ва 3 беморхонаи сироятӣ бо 1700 кати захиравии карантинӣ ташкил карда шудаанд.

«Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббии маркази вилоят дорувориҳои зиддивирусӣ ба миқдори 44500 дона (4450 конвалюта), маҳлулҳои безараргардонӣ (дезинтоксикатсионӣ) зиёда аз 11000 шиша, маводи муҳофизӣ, ба монанди ниқоб- 152000 дона, респиратор- 5000 дона, айнак- 600 адад, пойпӯшаки яккарата- 5000 дона, корҷомаҳои яккарата ва бисёркарата- 4000 адад ва дастпӯшакҳои яккаратаву бисёркарата ба миқдори  зиёда аз 120 000 ҷуфт захира гардидааст»,-афзуд номбурда.

Илҳом Пӯлотзода инчунин иттилоъ дод, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ нуқтаҳои санитарию карантинӣ амал мекунанд. Мутахассисони эпидемиолог ва сироятшинос бо дастгоҳҳои ҳароратсанҷи фосилавӣ ҳар як шаҳрванди аз сарҳад гузаштаро дақиқ месанҷанд. Қариб 2000 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ, ки аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ гузаштаанд, ба муассисаҳои тиббии вилоят тавассути нақлиёти махсуси тиббӣ интиқол ёфта, бистарӣ шудаанд.

 Акс аз moh.tj

Апрель 7, 2020 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»