Султон Бекмуродзода: «Дар самти пешгирӣ аз сирояти коронавирус тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд»

Апрель 3, 2020 10:28

ДУШАНБЕ, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз 13 давлате мебошад, ки дар онҳо то имрӯз сироятёбӣ аз коронавируси навъи нав-COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин тадбирҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар ҷумҳурӣ тақвият бахшида мешаванд. Аз ҷумла, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд. Инчунин Сарвари давлат 30 март дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа ва муҳими пешгирӣ аз вируси навъи нав чораҷӯиҳои санитарию эпидемиологӣ маҳсуб меёбад.  Дар робита ба ин масъала андешаҳои Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон БЕКМУРОДЗОДА-ро манзури хонандагон мегардонем.

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳои корҳои заруриро дар самти пешигирӣ аз вируси навъи нав — COVID-19 анҷом медиҳад. Аз ҷумла, роҳбарияти Хадамот  30-31 март ба шаҳрҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон сафар намуда, бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ вохӯриҳо гузаронд. Зимни вохӯриҳо паҳлуҳои мухталифи масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷа ба масъулин ва муассисаҳои тандурустии марбута дастурҳои мушаххас дода шуданд:

  1. Сардухтурони муассисаҳои тандурустӣ вазифадор шуданд, ки фавран либосҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла ниқоб, дастпӯшак, айнак, кулоҳ, бахил ва маводи антисептикию безараргардонӣ, ҳмзамон маводи дорувории заруриро дастрас ва захира намоянд. Яъне муассисаҳои тиббӣ бояд ба қабули шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда ва дар сурати гирифторӣ ба ин беморӣ омодагии ҷиддӣ дошта бошанд.
  2. Директорон ва мудирони шуъбаҳои марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд:

— аввал санҷишҳои беасосро ва дар мачмуъ то 1 июни соли равон, то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ санҷишҳоро манъ намуда, ҳамаи мутахассисон барои пешгирии сирояти коронавирус, ҳамзамон барои тарғибу ташвиқот дар байни аҳолӣ сафарбар карда шаванд;

— дар муддати кӯтоҳтарин дар якҷоягӣ бо директорони муассисаҳои таълимӣ (боғчаҳои бачагона, мактабҳои  таҳсилоти миёна, коллеҷҳо, донишкадаю донишгоҳҳо), масҷидҳо монеаҳои безараргардонӣ дар даромадгоҳҳои ин муассисаҳо ташкил намоянд, инчунин дар назди ошхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳо нуқтаҳои иловагии дастшўии ба талабот ҷавобгў бо таъмини маҳлулҳои собундор ва дастпоккунакҳои яккарата ташкил намуда, зери назорати қатъӣ гирифта шаванд;

— маводи спиртдор, безараргардонӣ ва либосҳои муҳофизатиро ба таври зарурӣ дастрас ва захира намоянд;

— дар муассисаҳои хўроки умум ташкили нуктаҳои ба талабот ҷавобгў будани дастшўйро ба роҳ монанд;

— манбаъҳои оби нўшокӣ, безараргардонӣ ва бехатарии онро зери назорати доимӣ гирифта, ҳамарўза таҳлилҳои лабораторӣ гузаронанд;

— дар якҷоягӣ бо мутахассисони марказҳои тропикӣ, безараргардонӣ гурўҳҳо ташкил намуда, безараргардонии хоҷагии деҳотро ба роҳ монанд. Ҳоло ин гурўҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо ташкил шуда, фаъолиятро оғоз намудаанд;

— барои фаъолияти дурусти гурўҳҳои корӣ   дар ҳолатҳои зарурӣ аз нақлиёти марказҳои тропикӣ, ВНМО, иммунизатсия истифода бурда шавад;

— дар ҳолати пайдо шудани беморӣ санҷишҳои эпидемиологӣ гузаронида, чораҳои зарурии зиддиэпидемикиро ба роҳ монанд;

— аз ҷониби мутахассисони пуртаҷриба гурўҳҳои таблиғотӣ ташкил намуда, дар байни аҳолии деҳот ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, бозорҳо, масҷидҳо ва ғайра корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус фавран ба роҳ монанд;

Дар баробари ин, ҳамарўза ҳар як директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ то соати 5-и бегоҳ нисбат ба корҳои анҷомдода ва мушкилиҳои ҷойдошта ба роҳбарият ахбор пешниҳод намояд.

Чунин вохӯриҳо дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ВМКБ низ имрӯзҳо ҷараён доранд.

Бояд гуфт, ки маркази иттилоотии зиддибуҳронии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19 ташкил шуда, дар он телефони боварии 511 фаъол аст, ки 24 соат сармутахассисони Вазорат навбатдорӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Султон Бекмуродзода ба аҳолии мамлакат муроҷиат намуда, аз ҷумла изҳор дошта буд: «Ягона амале, ки имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ба тарсу таҳлука афтодан не, балки ба таври зарурӣ омода гаштан барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус мебошад. Бояд ҳар яки мо беш аз ҳар вақти дигар ба тозагӣ ва гигиенаи шахсии худу аҳли оилаамон таваҷҷуҳ карда, аз ҳузур дар ҷойҳои серодам канораҷӯӣ кунем ва дар ин бора танҳо ба хабарҳои расмии мақомоти дахлдор бовар кунем».

Апрель 3, 2020 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»