СУТ: сабукгардонии маҳдудиятҳо маънои ба охир расидани пандемияро надорад
ДУШАНБЕ, 21.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус даъват кард, ки новобаста аз эълони тадриҷан бекор кардани маҳдудиятҳо вобаста ба пандемия аз ҷониби якчанд давлат мубориза бар зидди коронавирус идома дода шавад. Дирӯз дар Женева зимни брифинг ӯ таъкид кард, ки сабукгардонии ин маҳдудиятҳо маънои ба охир расидани пандемияро надорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Мо мехоҳем таъкид кунем, ки сабук кардани маҳдудиятҳо хотимаёбии эпидемия дар ягон мамлакат нест»- гуфт ӯ.
Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зикр кард, ки рафъи ин беморӣ «саъю талоши устувори шахсони алоҳида, ҷомеаҳо ва ҳукуматҳоро талаб мекунад, ки бояд мубориза ва назорат кардани ин вируси марговарро идома диҳанд».
Директори генералӣ аз давлатҳо даъват намуд, ки «муайянкунӣ, санҷиш, ҷудонигоҳдорӣ ва табобати ҳар як ҳолати беморӣ ва пайгирии ҳамаи робитаҳоро» таъмин намоянд.
Фото EPA








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






