СУТ: Танҳо баъди пирӯзии мутлақ бар COVID-19 метавон аз маҳдудиятҳои ҷоришуда даст кашид

Апрель 6, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 06.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди умумии тасдиқшудагони бемории коронавирус дар тамоми олам аз як миллион гузашт. Аз ин шумора 57 ҳазор нафар ҳалок гаштанд. Роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бори дигар аз   тамоми кишварҳо даъват менамояд, ки бо мақсади  суст намудан  ё ҷилавгирӣ кардан аз  авҷи коронавирус тадбирҳои назоратӣ ва пешгириро  тақвият диҳанд,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ.

«Мо медонем, ки ин буҳрон на фақат соҳаи тандурустиро фаро гирифтааст, он ҳамчунин оқибатҳои амиқи иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар давраи пандемия ба бор меорад. Маҳдудиятҳое, ки дар бисёр кишварҳо барои ҳифзи саломатӣ ҷорӣ месозанд, ба манбаи даромади мардум, ба иқтисодиёти соҳаҳои гуногун ва дар маҷмӯъ ба худи давлат ҷиддан таъсир мерасонанд»,- гуфт роҳбари СУТ Тедрос Гебрейесус дар нишасти матбуотӣ дар Женева .

Ӯ афзуд, ки танҳо ғалаба бар вирус метавонад тарк намудани маҳдудиятҳо ва заиф сохтани оқибатҳои иқтисодии онҳоро имконпазир созад. Барои ба даст овардани  пирӯзӣ дар ин набард чораҳои фаврии ҳамаҷониба заруранд: бояд ҳар як ҳолат ошкор ва санҷида шавад, ҳар нафари бемор  дар алоҳидагӣ аз дигарон табобат ёбад,  ҳамчунин муайян кардани тамоми ашхоси бо бемор алоқадошта шарти асосист.

Роҳбари СУТ бори дигар тасдиқ кард, ки гурӯҳи аз ҳама осебпазир шахсони солхӯрда ва онҳоеанд, ки бемориҳои музмин доранд. Аммо ҷавонон низ ба ин дард гирифтор мешаванд. Шумораи ҷавонони аз 20 то 40-солаи мубталои коронавирус  рӯз аз рӯз меафзояд. Аксари онҳо мемиранд.

Тедрос Гебрейесус диққати ҳамагонро ба мушкилоти дигари бо пандемия  дар робита ҷалб намуд. Ин хушунати хонаводагӣ  нисбат ба  занон  ва кӯдакон мебошад. Ҳангоми карантин оилаҳо бештар дар доираи маҳдуд бо ҳам рӯз мебаранд ва бисёриҳо афсурдаҳолу асабӣ шуда, ба изтироб меафтанд. Вале, чуноне ки роҳбари СУТ мегӯяд, ин набояд   сабаби  ба вуҷуд омадани зӯроварӣ бишавад.

Ба ҳолати соати 12:00 ба вақти Аврупои Марказӣ, рӯзи шанбеи 4 апрел, дар 53 кишвар, ки аъзои Шӯрои аврупоии СУТ мебошанд, COVID-19  ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагӣ дар минтақа 583 939 ҳолати тасдиқгаштаи сироят ва 42 348 ҳолати фавт сабт шудааст. Дар Озарбойҷон – 443 ҳолат,  Арманистон — 736,  Беларус- 254,  Россия — 4 149, Украина — 1096,  Молдова – 591, Қазоқистон- 460,  Қирғизистон- 144 ва  Ӯзбекистон – 241 бемор ба қайд гирифта шудаанд.

СУТ изҳор намуд, ки Комиссияи Аврупо дар мубориза алайҳи коронавирус ба шаш кишвари минтақа — Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, ҷумҳуриҳои  Молдова ва Украина 30 миллион евро ҷудо кардааст.

ДАР АКС: СУТ ёдрас менамояд, ки нишонаҳои коронавирус  бо зуком шабеҳи ҳамдигаранд. Акси СУТ/ Дж.Сун

Апрель 6, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон