Тоҷикистон ба бистгонаи давлатҳои аз коронавирус озод шомил гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 20 давлат ва нуқтаҳои ҳамеша маскуни аҳолӣ то ҳанӯз аз сирояти коронавирус дар канор мондаанд. Номгӯи кишварҳоро рӯзи чоршанбе, 22 апрел, рӯзномаи бритониёии “Daily Mail” мураттаб сохтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба рӯйхати давлатҳои аз лиҳози коронавирус бехавф ҷазираҳои Комор, Кирибати, Лесото, ҷазираҳои Маршал, Иёлоти федеративии Микронезия, Науру, Палау, ҷазираҳои Сулаймон, Тоҷикистон, Тонго, Туркманистон, Тувалу, Вануату ва Кореяи Шимолӣ шомиланд.
Ба манотиқи аҳолинишини доиман маскун, ки ҳоло дар он ҷо коронавирус вуҷуд надорад, ҷазираҳои Питкэрн, Еленаи муқаддас, Меъроҷ ва Тристан-да-Куня ( Британияи Кабир) , Самоаи Америка (ИМА), ҷазираҳои Уоллис ва Футун, Шписберген (Норвегия), ҷазираҳои Мавлуди Исо ва Норфолк, ҷазираҳои норҷилӣ, (Австралия), Ниуэ, Токелау, ҷазираҳои Кук (Зеландияи нав) мутааллиқанд.
Барои баъзеи онҳо нақши муҳимро масофаи дури ҷойгиршавиашон бозидааст – масалан, ҷазираҳои Комор дар шарқи соҳили баҳри Африка ва ё Тувалу дар Уқёнуси Ором воқеъ ҳастанд.
Кишварҳо ва манотиқи дигар тадбирҳои фаврӣ ва қатъӣ андешиданд, то паҳншавии эҳтимолии коронавирус боздошта шавад. Масалан, Тонго сарҳадҳои худро барои сайёҳон баста, вазъияти фавқулода эълон намуд ва соати қатъии комендантӣ ҷорӣ кард, менависад нашрия.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, Намояндаи СУТ дар Тоҷикистон Галина Перфилйева тавассути шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» расман эълон намуд, ки дар мамлакат коронавирус вуҷуд надорад ва аз аҳолӣ хоҳиш намуд, ки ба тозагӣ риоя намуда, ба ҷойҳои серодам нараванд.
«То ин дам аз рӯи маълумоти расмӣ ва мо ҳам инро тасдиқ мекунем, зеро бо озмоишгоҳе, ки ПСР озмоиш мегузаронад, зич алоқа дорем, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҳоло тамоми ҷаҳон бо COVID-19 мубориза мебарад, амалан ягон кишваре намондааст, ки дар он ҳолати беморӣ вуҷуд надошта бошад. Тоҷикистон ва Туркманистон ду давлате дар минтақа ҳастанд, ки дар онҳо ҳолати маризии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст»,- изҳор дошт ӯ.
Чунончӣ, ТАСС хабар медиҳад, директори бюрои минтақавии аврупоии СУТ Ханс Клюге ба афзоиши теъдоди маризон ҳафтаи охир дар Россия, Беларус, Ӯзбекистон ва Украина таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ изҳор дошт, ки ҳафтаи оянда гурӯҳи коршиносони СУТ ба Тоҷикистон ва Туркманистон фиристода мешаванд, то вазъиятро дар минтақа баррасӣ намоянд. Ҳафтаи равон чунин гурӯҳ ба Беларус ташриф оварда буд.
АКСИ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиомии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






