ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ХАБАР МЕДИҲАД: Чор нафар бемор бар асари бемории пневмония аз олам даргузаштанд

Апрель 22, 2020 17:05

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 апрел бар асари бемории пневмония чор нафар бемор, ки синнашон аз 60 то 73-соларо ташкил медод, дар Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе, мавсум ба  «Якум Советский» аз олам даргузаштанд. Шахсони фавтида ду нафар сокини шаҳри Душанбе, як нафар сокини ноҳияи Варзоб ва як нафар сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд. Дар ин бора имрӯз аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Айни замон дар беморхонаи мазкур  114 нафари бемор ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд. Ин нафарон дар баробари бемории илтиҳоби шуш (пневмония)  ҳамзамон гирифтори бемориҳои ишемияи дил, норасоии шадиди гурда, диабети қанди намуди 2 низ мебошанд.

Бино ба иттилои директори Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе Хуршед Рустамзода, айни ҳол вазъи саломатии се бемори дигар вазнин арзёбӣ мешавад.

Ба зикри масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вақтҳои охир гирифторшавии шаҳрвандон ба  бемории пневмония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авҷ гирифта, боиси фавти чанд нафар гардидааст. Бо мақсади дидани чораҳои пешгирикунанда аз сирояти коронавирус Вазорат тасмим гирифтааст, ки гирифторони бемории илтиҳоби шуш ва  дигар бемориҳои роҳҳои нафасро дар як марказ бистарӣ карда, бо табобат фаро гирад. Аз ин рӯ  ҳамаи ин беморон дар Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе бистарӣ мебошанд.

Қаблан зимни як ҷаласаи ситоди вазорат муовини вазир Шодихон Ҷамшед иброз намуда буд, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир дар баробари таъсири манфӣ расонидан ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  ҳамзамон ба саломатии шаҳрвандони мамлакат низ таъсир расонид. Аз ин рӯ,  имрӯзҳо гирифторшавии якбора ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш (пневмония) зиёд ба мушоҳида мерасад.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ»- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, шумора ва нишондиҳандаи гирифторшавӣ ба баъзе бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019  чунин мебошад:

бемории зуком  (грипп) — 9982 нафар, илтиҳоби шуш (пневмония) — 12802 нафар, ОРВИ —  350702 нафар, диққи нафас —  1293 нафар ва домана  — 8 нафар.

Яъне, омори мазкур гувоҳи он аст, ки гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории илтиҳоби шуш (пневмония)  ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд  ҳангома сохт.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз бемориҳои узвҳои нафаскашӣ, аз ҷумла пневмония дар миқёси ҷумҳурӣ давоми соли 2018 1067 ва соли гузашта  1031 нафар фавтидаанд.

Чанд  нафар бемороне ки вақтҳои охир дар мамлакат бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш (пневмония)  фавтиданд, қаблан  аз ташхиси коронавирус гузаронида шуданд, ки натиҷаашон манфӣ  баромад.

Апрель 22, 2020 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»