ХИЗМАТ БА ВАТАН — ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ҲАР ҶАВОНМАРД! Амали комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом намунаи ибрат барои дигар хизматчиёни давлатист
ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сарафроз Музайянов- писари комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом, полковник Ҳоҷӣ Музайянзода ихтиёран барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ДАДАБОЕВ хабар медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гуфтанд: «Роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аъзои Ҳукумат ва вакилони Парлумон, то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намуна бошанд. Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд».

Дар АКС: раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода (аз чап дуюм) иқдоми ҷавонро намунаи ибрат шуморид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ба ҷо овардани қарзи шаҳрвандӣ дар қатори ҷавонписарони дигар минтақаҳои мамлакат як гурӯҳ ҷавонони шуҷои шаҳри Конибодом низ ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ сафарбар шуданд.
Яке аз ин ихтиёриён – даъватшавандагон Сарафроз Музайянов, писари комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом мебошад, ки ихтиёран ва дар асоси насиҳатҳои падари худ, полковник Ҳоҷӣ Музайянзода ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст.
Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ин иқдоми комиссари ҳарбии шаҳр ва писари ӯ Сарафрозро, ки хатмкардаи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад, барои дигар ҷавонон намунаи ибрат арзёбӣ намуд. Мавсуф афзуд, ки барои ҳар як ҷавон хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ин қарзи шаҳрвандӣ, мактаби мардонагӣ ва диловарӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрел то 31 март дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи гусели ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сафарбар карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки тибқи анъанаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар як сол ду маротиба сафари волидон ба макони адои хизмати фарзандони онҳо ташкил карда мешавад.
ДАР АКСИ БОЛО: Падар ва писар









ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






