Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА мавқеи худро дигар накард
ДУШАНБЕ, 10.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел ФИФА рейтинги нави дастаҳои мунтахаби футболи сайёраро нашр намуд. Дастаи футболи мунтахаби Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мавқеи худро дигар накард. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳоло дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 1152 хол дар мақоми 121 қарор дорад. Дар робита ба таваққуф дар пасманзари пандемияи коронавирус мавқеи дастаҳо ва нишондиҳандаҳои холҳо дар мавқеи худ бетағйир монданд. Тағйироти бештарро дар шумораи холҳо дастаи мунтахаби Беларус, ки 3 балл ба даст овард ва дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор холҳоро аз даст додаанд, ворид карданд.
Дастаи миллии Белгия бо касби 1762 хол садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи мунтахаби Франсия бо касби 1733 имтиёз ва дар ҷойи сеюм дастаи мунтахаби Бразилия бо касби 1712 хол ҷойгир шудаанд.
Мавқеи 10 дастаи мунтахаби сайёра:
1. Белгия (1765 хол)
2. Франсия (1733)
3. Бразилия (1712)
4. Англия (1661)
5. Уругвай (1645)
6. Хорватия (1642)
7. Португалия (1639)
8. Испания (1636)
9. Аргентина (1623)
10. Колумбия (1622)
…..
121. Тоҷикистон (1152)








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






