ВКХ: дар мавриди вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шудаанд

Апрель 10, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо мақсади татбиқи чораҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирии сироят ва паҳншавии коронавируси COVID-19, дар мавриди вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ  доданд, ин маҳдудиятҳо нисбат ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, татбиқ намешаванд. Дар сурати ворид шудани ин  гурӯҳ шахсон ба Тоҷикистон, онҳо дар маҳалли зисти доимӣ таҳти назорати кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 14 рӯз зери назорати  карантинӣ қарор мегиранд.

Маҳдудиятҳои мазкур инчунин нисбат ба ронандагоне, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд (тибқи тартиби муваққатӣ) ва сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо татбиқ намегарданд.

Дар ҳолати зарурати баромадани шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои мазкур дохил нестанд, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ омода аст муроҷиатҳои расмии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ташкили парвозҳои махсусро баррасӣ кунад.

Апрель 10, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон