«Истиқлол», «Хатлон», «Кӯктош» ва «Файзканд» дар даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омаданд

Апрель 13, 2020 08:43

ДУШАНБЕ, 13.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар  бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон, ки 11-12 апрел дар варзишгоҳҳои  мамлакат сурат гирифтанд, дастаҳои  футболи «Локомотив-Помир»-и  Душанбе  ба «Душанбе-83»-и  Душанбе  бо ҳисоби 1:0, «Истиқлол»-и Душанбе ба  КМВА бо натиҷаи 2:0, «Хатлон»-и Бохтар ба «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби  3:2 «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  бар  «Истаравшан»  бо натиҷаи  3:0  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ба «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби   3:2  ғолиб омаданд. Мавзӯи мазкурро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.

Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

«Истиқлол» — КМВА  2:0

Голҳо: Алишер   Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).

  И В Н П М О
1 «Истиқлол» (Душанбе) 2 2 0 0 9-0 6
2 «Хатлон» (Бохтар) 2 2 0 0 5-3 6
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 1 1 0 3-0 4
4 «Файзканд» (Восеъ) 2 1 1 0 5-4 4
5 «Локомотив-Памир» (Душанбе) 2 1 1 0 3-2 4
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 5-4 3
7 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 0 1 1 2-3 1
8 КМВА (Душанбе) 2 0 0 2 1-5 0
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 2 0 0 2 1-5 0
10 «Душанбе-83» (Душанбе) 2 0 0 2 0-8 0

 

Ёдовар  мешавем, ки бозиҳои  даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон 18-19 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд. Дар  даври сеюм дастаҳои футболи «Душанбе-83»-и Душанбе  бо  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Истаравшан»-и Истаравшан,  «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо  КМВА, «Хатлон»-и Бохтар бо «Истиқлол»-и Душанбе ва  «Кӯктош» -и ноҳияи Рӯдакӣ бо  «Хуҷанд»-и Хуҷанд  байни ҳам рақобат мекунанд.

Апрель 13, 2020 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд