Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба Тоҷикистон 18 вагон кумаки башардӯстона расонид
ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус 18 вагон кумаки башардӯстона расонида шуд. Кумакҳои башардӯстона аз ҳазор тонна орд, маводи безараргардонӣ, ба монанди воситаҳои антисептикӣ — дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, респираторҳо, айнакҳои тиббӣ, дастпӯшҳо, ниқоб ва пойафзоли тиббӣ иборат мебошанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр шуд, ки дар маросими супоридани кумакҳо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат Рустам Назарзода ва Сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста ба ин, чораҳои пешгирикунандаи он дар ҷумҳурӣ рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






