Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд

Май 28, 2020 08:54

ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 май баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”, дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ кишоварзон намудҳои гуногуни маҳсулотро ба маърази тамошо гузоштанд. Ноҳияи Ҷайҳун дар ҷумҳурӣ минтақаи калони аграрӣ буда, шуғли асосии сокинони он зироаткорист. Таҷрибаи хоҷагиҳои ноҳия асосан дар самти парвариши сабзавоту полезӣ, шолӣ ва лимӯ миёни деҳқонони дигар ноҳияҳо пайваста мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, ки теъдодашон ба зиёда аз 3800 адад мерасад, бештар ба кишти пиёз машғуланд ва бо ин кор шуҳрат ҳам ёфтаанд. Соли равон деҳқонони ин ноҳия дар 3721 гектар пиёзи барвақтӣ кишт намуда, то ҳол аз майдони 3400 гектар 142 ҳазору 130 тонна ҳосил ба даст овардаанд, ки ба ҳар гектар 418 сентнерӣ рост меояд.

Дар баробари ин, сокинони ноҳия дар парвариши пахта, ғалладона, аз ҷумла навъҳои гуногуни гандум, шолӣ, ҷуворимакка, полезиҳо ва сабзӣ машғул мебошанд.

Тибқи иттилои масъулини идораи кишоварзии ноҳия, имрӯз ноҳияи Ҷайҳун бозори истеъмолии ҷумҳуриро бо пиёзи барвақтӣ, полезиҳо, сабзӣ, меваҳои ситрусӣ ва ғайраҳо пурра таъмин месозад.

Ҳамасола дар баробари таъмини бозори дохилӣ, инчунин зиёда аз 26 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ нишондоди назаррас дониста мешавад.

Дар самти самаранок истифода бурдани замин низ деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун таҷрибаи ибратбахш доранд. Дар мавсими ҷорӣ хоҷагидорон тасмим доранд дар 6 ҳазору 700 гектар анвои гуногуни зироати кишоварзӣ, аз ҷумла дар 1800 гектар сабзӣ кишт карда, ҳосили баланд ба даст оранд.

Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун аз ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, қавл доданд, ки минбаъд бо меҳнати софдилона дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон ва афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат боз ҳам бештар саҳм мегузоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳияи Ҷайҳун барои таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба сохторҳои масъули ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дода, дастур доданд, ки бобати баҳрабардории самараноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин аз тамоми имкониятҳо пурра истифода баранд.

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун 28.05.2020

Май 28, 2020 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд