Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии Covid-19 дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии муовини Сарвазир сурат гирифт

Май 8, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 08.05.2020  /АМИТ «Ховар»/. Дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллолода ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — Covid-19 дар Суғд баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Дадабоев.

Ӯ илова намуд, ки дар рафти ҷаласаи ситод аз ҷониби масъулини Раёсатии тандурустии вилоят маълумоти муфассал оид ба қабул, муолиҷа ва вазъи беморон пешниҳод шуд. Иттилоъ дода шуд, ки алҳол тамоми имконият ва иқтидорҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ сафарбар карда шудаанд. Духтурон бо корҷома ва дигар маводҳои беҳдоштӣ таъмин гардида, дар беморхонаҳо се маҳал хӯроки гарм ташкил шудааст. Тамоми дорухонаҳо бо доруҳои зарурӣ таъмин ва имрӯз аз ҷониби соҳибкорон боз якчанд номгуй дорувориҳо ба ҳудуди вилояти Суғд ворид гардиданд. Дармонгоҳҳо низ шабонарузӣ фаъоланд.

Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллолода таваҷҷуҳи масъулинро баҳри тақвияти бештари корҳо дар самти мубориза алайҳи паҳншавии бемории каронавирус — Covid-19 дар вилояти Суғд ҷалб намуда, талаб кард, ки ҷиҳати пешниҳоди муаммову мушкилоти ҷойдошта фаъол бошанд ва дар якҷоягӣ барои рафъи он чораҳо андешанд.

Ширин Исматуллозода ба масъулини дахлдор ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қиматшавии маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода, ҳамзамон баҳри ворид намудани доруворӣ аз хориҷи кишвар бо ҷалби соҳибкорони дар ин самт фаъол буда, машварат дод.

Таъкид гардид, ки имрӯз 15 ширкати воридкунандаи маводи доруворӣ дар вилоят фаъол буда, аз имтиёзу дастгириҳои доимии Давлату Ҳукумат бархӯрдоранд. Вобаста ба вазъи имрӯза эшон ҷиҳати фаровонсозии маводи доруворӣ ва паст кардани нархи он саҳмгузорӣ намоянд.

Май 8, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад