ҲАМА – АЛАЙҲИ COVID-19! Ба 16 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва маҷмӯи воситаҳои беҳдоштӣ тақсим гардид

Май 2, 2020 11:24

ДУШАНБЕ, 02.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба 16 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кумаки башардӯстона бо арзиши тақрибан 33,5 ҳазор евро расонида шуд, ки он аз  2 ҳазор дона либоси махсуси муҳофизатӣ, 810 адад маҷмӯи воситаҳои беҳдоштӣ ва 400 бастаи маҳсулоти хӯрокворӣ иборат мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин кумак ду беморхона ва ду маркази тавонбахшии шаҳри Душанбе, беморхонаҳои вилоятии шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтару Хоруғ, беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Лахш, Рашт, Шаҳринав, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Истаравшан мувофиқи ниёзҳояшон аз 20 то 200 адад либоси махсуси муҳофизатӣ дарёфт намуданд.

Инчунин, маҷмуҳои беҳдоштӣ (собун, антисептик, моддаи безараргардонӣ ва ғ.), бастаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ (орд, равған, шакар, макарон ва ғ.) ба оилаҳои ниёзманд, алалхусус ба онҳое, ки шахси маъюб доранд, дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Исфара ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Лахш, Рашт, Шаҳринав, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Истаравшан ва Деваштич тақсим карда шуданд.

Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии манфиатбарандагон дар бораи COVID-19 ва тадбирҳои пешгирии он, варақа (постер)-ҳо ва часпакҳои қоғазии иттилоотӣ тақсим ва тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Бояд гуфт, ки кумаки башардӯстона бо дастгирии молиявии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Германия (BMZ) Филиали Ассотсиатсияи Каритас Германия дар Тоҷикистон амалӣ гардид.

Дар оғози соли равон Каритас Германия тамоми нақшаҳои амалро дар доираи лоиҳаҳои худ бо мақсади пешгирии пайдоиши эҳтимолии COVID-19 дар ноҳияҳои ҳадафии худ тағйир дод.

Аз ҷумла, шурӯъ аз аввали моҳи апрел дар доираи фаъолияти ташкилот либосҳои махсуси муҳофизатӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ё маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводҳои иттилоотӣ харидорӣ гардида, ба Хона-интернати Батош, мактаб-интернатҳо, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, 4 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва 4 мактабу 1 КАТС дар ноҳияи Айнӣ тақсим карда шуданд.

Илова бар ин, дар асоси тавсияҳо ва таҷрибаҳои пешқадам оид ба аломатҳо ва пешгирии COVID-19, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар манбаъҳо пешниҳод гардидаанд, Каритас Германия варақа (постер)-и воқифсозӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ таҳия ва дар ҳаҷми 5 ҳазор нусха нашр карда, дар миёни манфиатбарандагони худ тақсим намуд.

Иқдоми мазкур бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи ду лоиҳаи дигари худ оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, ки дар ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳритуз татбиқ мегарданд, гирифта шуд.

Май 2, 2020 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»