Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо бо роҳбарони беморхонаҳои шаҳри Бохтар гуфтугӯи мустақим анҷом дод

Май 14, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  13 май, соати 17:30  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо роҳбарони беморхонаҳои шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гуфтугӯи мустақим  анҷом дод.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадаф аз баргузории гуфтугӯи мустақим  огоҳӣ пайдо намудани вазир аз  вазъи кунунии беморхонаҳои шаҳри Бохтар мебошад.

Зимни суҳбат роҳбарони беморхонаҳои шаҳри  Бохтар  вобаста ба фаъолияти кунунии муассисаҳои хеш маълумоти муфассал доданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Бохтар дастуру супоришҳо дод.

 

Май 14, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад