Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маводи тиббӣ тақсим карда шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. 18 май аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маводи тиббӣ тақсим карда шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо мақсади пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нав CОVID-19 аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мавод ва таҷҳизоти тиббӣ ҳамчун кумаки башардӯстона ворид гардида истодаанд.
Молу мавод ва таҷҳизоти тиббии мазкур дар анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастрас карда мешаванд.
Ҳоло масъалаи тақсимоти маводи тиббӣ ба муассисаҳои тандурустӣ зери назорати бевоситаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамзамон бо ин мақсад ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шудааст, ки назорати тақсимоти маводи дорувориро ба муассисаҳои тандурустӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






