Ба беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд як миқдор либосҳои муҳофизатӣ ва маводи хӯрока кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд як миқдор либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб, маводи безараргардонӣ, гигиенӣ ва хӯрока аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ кумак расонида шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Ин иқдом ҷиҳати ҳифзи саломатии кормандони тиб, ки бо масъулияти баланд баҳри нигаҳдории солимии ҷомеа ҷаҳду талош доранд, амалӣ гардид. Ин амали созандаи ҳизбиён дар шаҳру навоҳии вилоят пайравони худро пайдо карда, сокинон, хоса ҳизбиён ба хотири пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ чораҳои муассир андешида истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории короновируси COVID-19 тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд. Дар меҳвари ин амалҳои пешгирикунанда кормандони соҳаи тиб бо масъулияти бузург чораҷӯӣ доранд, ки онҳо як гурӯҳи бузурги узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






