БОЗЁФТИ БОСТОНШИНОСОНИ ТОҶИК. Дар ноҳияи Хуросон ороишоти тиллоӣ бо тасвири кентавр — ҷонвари тахаюлӣ, ки аз миён болояш одам ва аз миён поёнаш асп аст, пайдо гардид
ДУШАНБЕ, 07.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Зимни ковишҳои бостоншиносӣ дар харобаҳои шаҳри қадимаи Халқаҷари ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар натиҷаи сағонаҳои дар кӯҳ кандашудаи кушонӣ, боқимондаҳои қабри як ашрофи сарватманд, хонаҳои истиқоматӣ, хуму кӯзаҳо, аз ҷумла бо тасвири одам ва шер, сикка ва ғайра пайдо карда шуданд.Дар ин бора доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба гуфтаи доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ, дар яке аз гӯрҳо сиккаи шоҳи кушонӣ Васудева ёфт шудааст, ки ба асри III-и мелод тааллуқ дорад. Муҳимтарин бозёфт ороишоти тиллоие мебошад, ки бо санги ақиқ ва тасвири кентавр — ҷонвари тахаюлӣ, ки аз миён болояш одам ва аз миён поёнаш асп аст, зиннат ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки Ҳалқаҷар яке аз шаҳрҳои тараққикардаи замони Кушониён буда, сокинони маҳаллӣ дар вақти кишту кор аз атрофи он шумораи зиёди сиккаҳои кушонӣ ва дигар асбобҳои бостонӣ пайдо кардаанд. Аз ҷумла, соли 1999 дар инҷо як ганҷинаи сиккаҳои тиллоии шоҳи Кушониён Ҳувишка ёфт шуда буд. Омӯзиши ин ёдгории нодир имконият медиҳад, ки саҳифаҳои нави таърихи миллати тоҷик дар дар замони Кушониён (а. II п.м. — III мелод) кушода ва дастраси мардуму аҳли илм гарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавзеи мазкур бо роҳбарии сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ ва директори осорхона Абдувалӣ Шарифзода, корманди он Фаррух Сафоев аз 23 апрел ковишҳои бостоншиносӣ оғоз гардида, он то 23 май идома меёбад.










ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо






