COVID — 19. Дар Суғд бо иштироки табибони хориҷӣ барои табобати коронавирус видеоконфронси мустақим баргузор шуд

Май 14, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  13 май дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд дар мавзӯи ташхис ва табобати коронавируси  нави  навъи COVID-19 видеоконфронси мустақим  баргузор гардид.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иқдоми мазкур дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавии  COVID-19 ва ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳандозӣ шуда, дар видеоконфронси мазкур табибони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.

Ҳадафи баргузории видеоконфронсҳои мустақим мубодилаи таҷриба байни табибон ва истифодаи усулҳои муосир барои табобати беморони гирифтори коронавирус буда, мутахассисон  атрофи муолиҷаи беморони илтиҳоби шадиди шуш гуфтушунид карданд.

Май 14, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон