COVID-19: Филиали Ассотсиатсияи Каритаси Германия ҷиҳати мубориза зидди пандемия кумаки озуқаворӣ ва беҳдоштӣ расонид
ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Ассотсиатсияи Каритаси Германия дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 тонна кумаки озуқаворӣ ва беҳдоштиро бо арзиши 33 ҳазор евро ба ноҳияҳои Шаҳритузу Айнӣ таҳвил дод. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Кумаки башардӯстона дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба оилаҳои осебпазир тақсим карда шуд. Дар ноҳияи Шаҳритуз 3000 оилаи дорои узви маъюб маҷмӯи беҳдошти шахсӣ, иборат аз ниқобу собуни моеъ ва маҳлули безараргардонӣ дарёфт намуданд. Аз миёни оилаҳои манфиатбаранда 700 хонаводаи камбизоат дар Шаҳритуз илова бар маҷмӯи беҳдоштӣ, инчунин бастаи озуқавории дорои орду равған, шакару макарон, биринҷу намак ва гӯгирд дастрас намуданд.
Ҳамчун чораи эҳтиётӣ 70 корманди тавонбахшӣ ва волонтёр дар Шаҳритуз, ки ба раванди тақсимот ҷалб гардида, минбаъд низ кори худро бо шахсони маъюб дар давраи пандемияи COVID-19 идома медиҳанд, бо маҷмӯи муҳофизатии шахсии иборат аз ниқобу дастпӯшакҳои яккарата ва маҳлули безараргардониву сачоқчаҳои намнок таъмин карда шуданд. Ин амали хайрия бо мақсади эмин нигоҳ доштани оилаҳои осебпазир, алалхусус шахсони маъюб аз сирояти коронавирус анҷом дода шуд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






