COVID-19. Мутахассисони соҳаи тандурустии Ӯзбекистон бо ҳамтоёни тоҷикашон машғулиятҳои омӯзишӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки барои ташхису табобати беморони COVID-19 ба Тоҷикистон омада буданд, ба мутахассисони тоҷик вобаста ба тарзи дуруст пӯшидани либоси тиббии муҳофизатӣ, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморони гирифтори коронавирус машғулияти омӯзишӣ доир намуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ ҳамзамон паҳлӯҳои гуногуни истифода ва пӯшидани либоси тиббӣ ба кормандони марказҳои тандурустӣ омӯзонида шуд.
Зикр шуд, ки дуруст пӯшидани либоси муҳофизатӣ барои табибон аз масъалахои асосӣ ба ҳисоб рафта, ин метавонад гирифторшавӣ ба COVID-19-ро пешгирӣ кунад.
Имрӯзҳо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ӯзбек машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида, ҷиҳати пешгирӣ ва табобати COVID-19 фаъолият намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки 8 май бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 8 нафар мутахассисони ӯзбекистонӣ, бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиб бо мақсади мусоидат намудан ба ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.
Ҳадаф аз ташрифи табибони ӯзбекистонӣ додани тавсияҳо аз таҷрибаи хеш ба ҳамтоёни тоҷики худ ва муолиҷаи нафарони гирифтори сирояти коронавирус мебошад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






