COVID-19: НАҶОТЁБИИ АСРОРОМЕЗ. Чӣ тавр Япония бидуни карантин ва ташхиси оммавӣ коронавирусро мағлуб кард

Май 27, 2020 10:31

ДУШАНБЕ, 27.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Чӣ тавр  Япония, бо он ки маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ накард,  санҷиши оммавӣ нагузаронд ва ҳатто маркази  мубориза алайҳи COVID  надошт, тавонист  пеш аз дигарон  ба  сироят ғолиб ояд?  Дар ин бора  дар маводи агентии  Bloomberg   гуфта шудааст.

Рӯзи душанбеи 25 май, сарвазири Япония Синдзо Абэ бекоркунии  низоми фавқулодаро  дар кишвар, ки ҳанӯз моҳи апрел  ҷорӣ гашта буд,  эълон кард. Ҳамзамон низоми ҷоришуда  маҳдудиятҳои шадидро дар назар надошт- корхонаҳои мухталиф, аз сартарошхона сар карда, то  тарабхонаҳо кори худро давом медоданд,  ҳаракати   одамон низ маҳдудияте  надошт, менависад  Bloomberg.  Дар  ҳудуди ин  кишвари ҷазиравӣ барои ҳаракати шаҳрвандон дархостҳо барои назорати манзилҳои сокинон истифода намешуданд. Дар Япония ҳатто маркази мубориза бо COVID-19 вуҷуд надорад.

Сарфи назар аз даъватҳои санҷиши оммавӣ, ки зарурати онро роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  Тедрос Аданом Гебрейесус зикр  кард, мақомоти Япония  танҳо 0,2% аҳолиро озмоиш карданд,  ки ин яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин дар байни  кишварҳои пешрафта мебошад.

Бо вуҷуди ин, шумораи  ҳаррӯзаи афзоиши сироятшудагон дар Япония то даҳҳо нафар коҳиш ёфтааст: дар ин кишвар тӯли якчанд рӯз камтар аз даҳҳо ҳодисаи сироят қайд шудааст, зикр менамояд Bloomberg. Тибқи иттилои Донишгоҳи Хопкинс, дар тамоми давраи пандемия дар Япония 16 550 ҳолати коронавирус  ошкор шудааст, шумораи умумии фавт 820 нафарро ташкил медиҳад, ки ин дар кишварҳои G7 пасттарин ба шумор меравад.

43  омили комёбӣ

Чӣ гуна Япония эпидемияро ба осонӣ паси сар намуд,  ҳанӯз ҳам мавзӯи баҳс аст. Баъзе омилҳо, чун наздикии ҷуғрофӣ бо макони беморӣ, яъне Чин, ҳамчунин аҳолии калонсол  барои ин кишвар хатари воқеӣ доштанд. Бо вуҷуди ин, тамоми иштирокдорони мубоҳиса дар як чиз ҳамақидаанд -ягона сабабе, ки «сенарияи сахт»-и коронавирус  ин ҷо амалӣ нагашт,  маҷмӯи омилҳое  мебошанд, ки  ин ҷо  нақш  бозиданд.

«Танҳо ба  шумораи фавтидагон назар карда, метавон гуфт, ки Япония дар ин набард муваффақ шудааст»,- чунин зикр кард профессор аз Донишгоҳи Васэда Микихито Танакаба  дар суҳбат бо Bloomberg ва илова намуд, ки  сабаби  ғолибият ба вирусро ҳатто коршиносон намедонанд.

Бояд гуфт, дар асоси пиндоштҳое, ки дар ВАО  зикр ёфтаанд, метавон 43 омилро номбар кард, ки нақши муҳим бозида тавонистанд: аз ниқобпӯшӣ, ки фарҳанги дерина аст ва ба фарбеҳшавӣ моил набудани япониҳо то  барвақт бастани мактабҳо.

Робитаҳо — зери назорати кормандони соҳаи тиб

Bloomberg  ҳамчунин зикр мекунад, ки вокуниши саривақтии оммавӣ ба афзудани беморӣ аҳамияти муҳим дошт. Коршиносон тарзи пайгирии тамоси беморонро  дар Япония, ки ҳанӯз моҳи январ бо пайдо шудани авввалин беморони коронавирус мавриди истифода қарор дода буданд, арзанда баҳогузорӣ  намуданд. Гап сари он аст, ки дар Япония кайҳо боз марказҳои саломатии ҷамъиятӣ амал мекунанд.

«Ин мисли Сингапур як низоми ба барнома асосёфта нест. Бо вуҷуди ин, хеле муфид аст», — гуфт профессори  Донишгоҳи  Хоккайдо Кадзуто Судзуки.  «Аксарият мегӯянд, ки дар Япония  маркази назорати бемориҳо вуҷуд надорад,  вале маркази тиббии ҷамъиятӣ-  ин худ як маркази назорати бемориҳои маҳаллӣ мебошад»,-илова намуд профессори Донишгоҳи  илмҳо оид ба тандурустӣ Йоко Сукамото.

Се қоида

Аз оғоз коршиносон ба аҳолӣ машварат медоданд, ки  аз се чиз худдорӣ намоянд, -ҷойҳои пӯшида,  макони серодам ва робитаи наздик. Ҳамзамон ба гӯшанишинии пурра талабот набуд. «Аз масофаи иҷтимоӣ метавон кор бурд, аммо зиндагии иҷтимоӣ ғайриимкон мегардад», -гуфт профессор  Судзуки аз Донишгоҳи   Хоккайдо.  Усули се қоида нисбатан ба воқеият мувофиқ ва хеле самаранок мебошад, натиҷа як хел аст», — мегӯяд ӯ.

Таъсири иқтисодӣ ва мавҷи дуввум

Шояд Япония тавонист оқибатҳои бад барои  саломатиро  дар кишвар пешгирӣ намояд, вале чораҳои сусти маҳдудсозӣ  онро аз мушкилоти иқтисодӣ наҷот дода натавонист. Дар се моҳи аввали сол иқтисодиёти Япония бори аввал аз соли 2015 ба таназзул афтод.  Аз рӯи гуфти коршиносон, семоҳаи дуввум  дар таърих бадтарин хоҳад буд.

Баъди он ки кишвар марзҳояшро баст, шумораи сайёҳон дар моҳи апрел 99,9% коҳиш ёфт. Ин  рушди соҳаро  ҷиддан суст кард, менависад  Bloomberg.

Ҳатто баъди анҷоми ҳолати изтирорӣ ҳаёт ба маҷрои пешинааш барнамегардад, огоҳ мекунанд мақомоти маҳаллӣ. Гузашта аз ин, агар дар Япония, ки  аҳолии солхӯрда дорад,   мавҷи дуввуми беморӣ ба вуқӯъ ояд,  он аз аввала бамаротиб бадтар хоҳад буд. «Мо бояд ба он омода бошем, агар хурӯҷи навбатӣ шадидтар бошад, низоми тиббӣ  метавонад аз кор барояд»,-гуфт Йосихито Ники,    профессори  бемориҳои сироятӣ дар Мактаби  тиббии  Донишгоҳи Сёва.

  Акси Reuters

Май 27, 2020 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад