COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия беш аз 200 ҳазор нафар гардид

Май 11, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 11.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ба ҳолати соати 9:30 11 май дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 4 миллиону 181 ҳазору 21 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 493 ҳазору 401 кас шифо ёфтаанд ва 283 ҳазору 868 тан фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 367 638 нафар), Испания (264 663), Британияи Кабир (219 183), Италия (219 070), Россия (209 688), Франсия (176 970), Германия (171 879), Бразилия (162 699), Туркия (138 657) ва Эрон (107 603) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (256 336 нафар), Испания (176 439), Германия (145 600), Италия (105 186), Туркия (92 691), Эрон (86 143), Чин (78 144), Бразилия (64 957), Франсия (56 217) ва Россия (34 306) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (80 787 нафар), Британияи Кабир (31 855), Италия (30 560), Испания (26 621), Франсия (26 380), Бразилия (11 123), Белгия (8 656), Германия (7 569), Эрон (6 640) ва Нидерланд (5 440) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Май 11, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон