Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд фаъолияти маҳфилҳо фосилавӣ ба роҳ монда шуд

Май 18, 2020 11:52

ХУҶАНД, 18.05.2020. /АМИТ Ховар/. Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо Раёсати маорифи вилоят шурӯъ аз 1 май фаъолияти маҳфилҳоро ба тариқи фаъолияти фосилавӣ ба роҳ мондааст.   Ҳадаф аз он самаранок истифода намудани таътили хонандагон, ҷалби кӯдакон ва наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла дар вақти таътил дар шароити хона омӯзонидани ҳунарҳои волои мардумӣ, рушди қобилияту истеъдоди хонандагон ва инчунин ҳифзи саломатии толибилмон аз бемориҳои сироятӣ мебошад.  

Роҳбари маркази мазкур Фирдавс Ашӯрматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд  иттилоъ дод, ки аз ҷониби роҳбарони маҳфилҳои Марказ бо истифода аз интернет тариқи шабакаҳои иҷтимоии viber, Instagram ва барномаи Googleclassroom гурӯҳ-маҳфилҳои фосилавии мухталиф, чун дӯзандагӣ, қаннодӣ, бофандагӣ, рӯзгордорӣ, сӯзанидузӣ, қолинбофӣ, рассомӣ, техникони ҷавон, авиамоделӣ, автомоделӣ, бофандагӣ, машшотагӣ, гулдӯзӣ ва омӯзиши забони русӣ ташкил карда шуда, омӯзишҳо тибқи ҷадвал ба роҳ монда шудаанд.

Омӯзишҳои фосилавӣ аз тарафи роҳбарони маҳфил тариқи видеоӣ ва барномаҳои таълимӣ омӯзонида шуда, кӯдакон супоришҳои омӯзгоронро иҷро намуда, аз устодон машваратҳои зарурӣ  мегиранд.

То имрӯз беш аз 200 нафар хонандагон ба 16 гурӯҳи маҳфилҳои фосилавӣ аъзо гардидаанд. Аъзои маҳфили дӯзандагӣ дар шароити хона аз омӯзгорон тарзи омода намудани ниқобҳои ҳимоятиро омӯхта, худ ва хонаводаашонро бо онҳо  таъмин карда истодаанд.

Ҳамзамон тариқи маҳфили фосилавии «Китобхони беҳтарин» ба кӯдакону наврасон ҳамарӯза хондани китобҳои бадеӣ тавсия дода  шуда, инчунин бо ҳамдастии омӯзгорон чанд нафар хонандагон ба даври 2-юми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омодагӣ дида истодааст.

Май 18, 2020 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид