ДАР ШАРОИТИ ПАНДЕМИЯ ТОҶИКИСТОНИЁН ЧӢ ГУНА БОЯД АМАЛ КУНАНД? Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» духтур ва табиби мардумӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ андешаҳояшро баён намуд

Май 5, 2020 09:06

ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз ҳаргиз ба воҳимаю даҳшат роҳ додан нашояд.  Агар дар шахс нишонаҳои беморӣ пайдо шаванд,  ҳамоно чораҳои лозимӣ бояд андешид, агар солим бошад, пас умуман ҳаросон шудан лозим нест»,- чунин маслиҳат медиҳад  пизишки гиёҳдармонӣ, раиси Ассотсиатсияи касбии тибби анъанавӣ, мутахассиси тибби анъанавӣ  ва табибони   Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллозуҳур Тоҳирӣ.

Ӯ мегӯяд, ки  ташвиши беҳуда  ва ғаму андӯҳи  беасос   оқибати нек надорад.  Фаромӯш накунед, ки таҳлука   машваратчии  козиб аст, он ба саломатӣ  мушкилоти иловагиро зам мекунад. «Ҳамеша ва дар ҳама ҳолат  фикри солим бояд кард. Фикрҳои мо,  моро солим  месозанд ва ҳамчунин  мубталои маризиҳо менамоянд. Беморӣ  нахуст дар зеҳни мо ва баъдан дар ҷисм пайдо мешавад.

Ба ҳар чизе, ки дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ  ба табъ мерасад, набояд эътимод баст. Қаблан ҳоли худро табоҳ сохта,  гунаҳгоронро  ҷустуҷӯ  кардан ва ба  таҳлука афтодан кори оқилона нест. Имрӯз бояд ҳар яки мо дар ҳалли ин мушкилот саҳмгузор бошем ва дар ҳифзи саломатии хеш  чоранадешӣ намоем.

Гиёҳпизишк  таҷрибаи Чинро мисол оварда чунин мегӯяд: «Чин, бо он ки манбаи сироят буд, имрӯз ин мушкилотро муваффақона  паси сар намуд. Чӣ  тавр? Шояд аксар бигӯянд, ки сабаб технологияи пешрафтаи он мебошад.  Албатта, ин басо муҳим аст, вале омили асосӣ худи одамон,  муқовимати онҳо ва усули мубориза дар ин набард  мебошад. Аз рӯзҳои нахустин шаҳрвандони Чин худро чун  ватандӯстони асил нишон доданд. Онҳо ҳамагӣ аз як гиребон сар бароварда,  ба андешидани чораҳо шурӯъ намуданд. Дар ин давра «Мо коронавирусро мағлуб хоҳем кард»  шиори  зиндагии онҳо  гашта буд ва чунин ҳам шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ барои пирӯзӣ бояд бо ҳамин  ин роҳ пеш раванд . Шумо тасаввур кунед, ки алҳол дар ин кишвари сернуфус   ҳамагӣ як ҳолати сироят  вуҷуд  дорад. Ин аз бисёр чиз шаҳодат медиҳад».

Ба ҷуз нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ  дар муошират,  риояи қоидаҳои беҳдошт, Муллозуҳур Тоҳирӣ чанд маслиҳатҳои муфид медиҳад.

Табиб,  аз ҷумла тавсия медиҳад, ки одамони солим бо меъдаи холӣ 500 мл оби гарм бинӯшанд. Ҳамарӯза пеш аз  хӯрок  ва як соат баъди  он 200 мл оби софи нӯшокӣ  аз фоида холӣ нест. «Об беҳтарин давост»,-  мегӯяд ӯ.

Ғайр аз ин, дар давоми рӯз 2 маротибагӣ  пеш аз хӯрок истеъмоли як қошуқ  асал, ҳамчунин меваҳо ва сабзавот хеле муфид хоҳад буд. Хушбахтона, ҳамаи ин дар бозорҳо дастрас аст. Машқи ҳаррӯзаи бадан низ нафърасони мо буда метавонад.

Май 5, 2020 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид