Дар вилояти Хатлон ба табибон маводи озуқа дасрас гардида, кӯмакпулӣ дода мешавад

Май 11, 2020 09:07

ДУШАНБЕ, 11.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон барои духтурони маълумоти олидор 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи 300 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад. Дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи дастури Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба 300 нафар табибон, кормандони миёнаи тиб, ҳайати хизматрасон ва онҳое, ки ба маъракаи мубориза алайҳи пандемияи COVID-19 дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ҷалб гардидаанд, маводи озуқа дастрас карда шуд.

Ин кӯмакҳо бо мақсади дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тиб, ки дар беморхонаҳои барои муолиҷаи беморони сироятии коронавирус ва илтиҳоби шуш муайяншуда заҳмат мекашанд, нигаронида шудааст.

Раиси вилоят бо изҳори сипос аз фаъолияти табибоне, ки софдилона баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолӣ меҳнат мекунанд, таъкид намуд, ки бинобар афзоиш ёфтани ҳаҷми кори табибон, кормандони миёнаи тиб ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тандурустӣ, зарурати таъмини шароити арзандаи фаъолият, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо ба миён омадааст. Таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти кормандони соҳаи тиб, қадрдонӣ намудани меҳнати шабонарӯзии онҳо муҳим мебошад. Бинобар ин, ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастур дода шуд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҷиҳати саривақт ва дар навбати аввал гирифтани маоши моҳона, инчунин кумакпулиҳои иловагӣ ва дигар навъҳои дастгирии кормандони соҳаи тиб фавран тадбирандешӣ намоянд.

Ҳамчунин, чунин кӯмаки ғизоӣ, ки аз орд, биринҷ, равған, картошка, пиёз иборат буд, ба сад нафар табибону ҳамшираҳои шафқати Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар дастрас гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории короновирус COVID-19 аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 миллиону 358 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Май 11, 2020 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»