Дар вилояти Суғд барои харидорӣ намудани доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ 6,5 миллион сомонӣ ҷудо гардид

Май 1, 2020 12:53

ДУШАНБЕ, 01.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ 6,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба гузориши Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Тавре гуфта мешавад, дирӯз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят ва табибони ин муассиса суҳбат намуда, бо вазъи захираи маводи зарурии тиббӣ аз наздик шинос гардид.

«Дар вилоят баҳри пешгирӣ аз сироят ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад, — тазаккур додааст Раҷаббой Аҳмадзода ва илова намудааст, ки алҳол ситоди вилоятӣ фаъол буда,  тибқи қарори марбутаи Раиси вилоят аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ 6,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст».

Ҳангоми боздид аз анбори захираи доруворӣ таъкид гардид, ки табибон бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла либоси муҳофизатӣ ва корҷомаҳо таъмин буда, якчанд корхонаҳои саноатии вилоят ба дӯхтани лавозимоти тиббӣ машғуланд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони ширкатҳои фарматсевтии вилоят дастур дод, ки дар таъмини саривақтии мардум бо доруворӣ беш аз пештара ҳиссагузорӣ намуда, ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат тадбирҳои неку хайр андешанд.

Тибқи иттилои Раёсати тандурустии вилоят, алҳол аз ҷониби кормандони Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шуъбаҳои дезинфексионию безараргардонии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар шоҳроҳҳои асосии дохили шаҳру ноҳияҳо, роҳравҳо, кӯчаю хиёбонҳо, истгоҳҳо, бино ва хонаҳои истиқоматӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, муассисаҳои савдо, хӯроки умумӣ, нақлиёт, корхонаю ташкилот ва ғайра дар масоҳати умумии наздик 583 ҳазор м2 чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида шудаанд.

Ҳамзамон бо мақсади дарёфт ва гузаронидани назорати хонагии шахсоне, ки аз давлатҳои хориҷӣ баргаштаанд, аз ҷониби кормандони тиббии марказҳои саломатӣ чорабинии гардиши хона ба хона пурзӯр карда шуд.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, 28 апрел 52 680 хоҷагӣ гардиш шуда, 252 355 нафар шаҳрванд аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд. Бинобар ба итмом расидани 14 рӯзи карантинӣ то 29 апрел ҳамагӣ 3336 нафар аз беморхонаҳо рухсат шуда, айни замон 420 нафар дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бистарӣ мебошанд.

Раиси вилоят ба масъулини соҳаи тандурустии вилоят дастур дод, ки бобати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, доир намудани чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷомеа нисбат ба пешгирии сирояти коронавирус тадбирҳои амиқ андешанд.

Май 1, 2020 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад