ДУШАНБЕ СОЛИ 2021 ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ МЕГАРДАД. Дар бораи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои ҳамкории фарҳангии давлатҳои узви ИДМ
ДУШАНБЕ, 12.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд моҳи июни соли 2020 баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии давлатҳои узви ИДМ (минбаъд — Шӯро), ки рӯзномаи он 16 масъаларо дар бар мегирад, дар назар аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Ба баррасии масъалаҳои зерин диққати махсус дода мешавад:
— дар бораи чорабиниҳои асосии ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи асосии ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2021–2025;
— дар бораи чорабиниҳои фарҳангии давлатҳои узви ИДМ дар соли 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945.
— дар бораи иштироки давлатҳои Иттиҳод дар Намоишгоҳи байналмилалии «ART EXPO»-и кишварҳои узви ИДМ дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Беларус ва дар бораи макони баргузории он дар соли 2022.
Аъзои Шӯро, вазирони фарҳанги кишварҳои ИДМ татбиқи барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Қазоқистон (Чимкент) ва омодагӣ ба татбиқи онро дар соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) муҳокима мекунанд.
Баррасии масъалаи раёсат дар Шӯро, ки тибқи Низомнома дар бораи Шӯро аз Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Қазоқистон мегузарад, пешбинӣ шудааст.








«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд






